Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МУСТАЗОДОТ

МУСТАЗОД

Эй акси рухат ҷон диҳад ойинаи дилро чун муъҷизи Исо!
Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно, бо он лаби гӯё!
То бо қади шамшод гузаштӣ суи гулшан, қумрӣ ба фиғон шуд, Наргис пайи наззора шавад дида саропо аз баҳри тамошо.
Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи мисрӣ дар зовияи чоҳ, Савдои ту доранд ба cap Вомиқу Азро, танҳо на Зулайхо!
Пироҳани гул дар чаман аз шавқи ту чок аст аз фурқати рӯят, Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно чун бода ба мино!
Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон овард насиме, Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо, з-он рафт ба саҳро.
Хизри хати ту дода ба райҳони адаб ноз аз қоидаи бӯ, Дар кишвари хубӣ набувад, лолаъизоро, чун ту шаҳи воло!
То лашкари ҳусни ту ба тороҷ зи ҳар сӯ овард шабехун,
Чашм аз пайи ҷон бурдану рух аз паи яғмо дар мулки дили мо!
Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст, растан натавонад, Занҷир бувад ҳар сари мӯ пои ҷунунро з-он зулфи мутарро!1

РУБОИИ МУСТАЗОД

Ойина ба базми дилкушои ту расад,
эй ҷон, ба нигоҳ,
Ҳам шона ба зулфи мушксои ту расад,
моро чӣ гуноҳ?!
Мо хок шавему сурма манзур афтад,
мурдем зи рашк,
Дил хун шаваду ҳино ба пои ту расад,
субҳоналлоҳ!

1 Мутарро – тару тоза; ботароват.

пешина
аз 312
навбатӣ