Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз қомати баландат қумрӣ ба лаҳни ку-ку,
Дар печутоб сунбул з-он ҳалқаи ду гесӯ.
Мастона гар хиромӣ аз ноз дар гулистон,
Ғавғову фитна хезад аз тоқи чархи мину.
Дар бӯстони хубӣ мавзунқадон бидидам,
Монанди нахли қаддат сарве наруста дилҷӯ!
Афтода акси мижгон бо чашми сурмасоят,
Дар марғзори сунбул, гӯйӣ, чарида оҳу.
Аз тири таъни ағёр ошиқ чӣ бок дорад,
Гар чун шиҳоб ояд барқи ситам зи ҳар сӯ?
Паҳнои дашти ҳиҷрон чун вусъати ду олам,
Роҳи висоли ҷонон борик аз сари мӯ!
Аз гулшани ҷамолат як гул начид Туғрал,
Хори ҷафои ағёр омад дарозпаҳлӯ!
Дил пеши ту кашфи роз карда,
Девони ғами ту боз карда.
Аз зулфи ту мекунад ҳикоят,
Афсонаи худ дароз карда.
Қонуни ғамат ба савти ушшоқ,
Зеру бами ишқ соз карда.
Лаббайк занам ба тавфи кӯят,
Оҳанги раҳи «Ҳиҷоз» карда!
Лаъли лаби ту табарзадоро1
Беқадртар аз пиёз карда!
Саррофи дукони ишқ моро
Дар бӯтаи ғам гудоз карда!
Аз шӯхии ҷилваи тазарв аст,
К-он бахя ба чашми боз карда.
Бедоду ситам ба ҳоли Маҳмуд
Зулфи сияҳи Аёз карда.
Имрӯз қазо зи номи Туғрал
Унвони сухан тироз карда.
1 Табарзад – қанд ё наботи сахт; ё тиккаи намаки булӯрӣ, ки бо табар шикаста шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё