Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарву санавбар шуд хиҷил аз қомати зебои ӯ,
Ошуфта сунбул бо суман аз зулфи анбарсои ӯ.

Як сӯ дарида пираҳан гул аз гули рӯяш магар,
Хун баста дар дил ғунчаро дигар тараф савдои ӯ.

Дар дил ҳавои ишқи ӯ, доғ аст чун ман лола ҳам,
Тире куҷо наншастааст аз наргиси шаҳлои ӯ!

Чун аз хиромон рафтанаш шамшод ҳасрат оварад,
Ваҳ, ин чӣ қадду қомат аст, ҷон аст cap то пои ӯ!

Ояд агар сӯи чаман сарсабз гардад анҷуман,
Хизри набӣ пайдо шавад аз нақши хоки пои ӯ.

Нолам чу най аз дурияш рӯзу шабу шому саҳар,
Бошад, насиби ман шавад як ҷуръа аз саҳбои ӯ.

Азбас ғуломи даргаҳаш гаштанд яксар содиқон,
Туғрал ғуломи содиқ аст, гулшан бувад маъвои ӯ.

Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ,
Кард шаҳиди нигаҳ наргиси шаҳлои ӯ.

Гашта ба ҳам тавъамон аз хати килки азал
Дасти ману доманаш, фарқи ману пои ӯ.

Кай бувад андар замин дархури ӯ маскане?
Манзари чашмам бувад манзилу маъвои ӯ.

Гардани сарви саҳӣ хам шуда аз инфиъол
Дида магар дар чаман қомати зебои ӯ?!

Фарши хироми раҳаш чашми умедам бувад,
То нарасад бар замин нақши кафи пои ӯ.

Гарчи Масеҳо ба лаб зинда кунад мурдаро,
Дар фанни эҳёгарӣ раҳ набарад ҷои ӯ.

Ҳар кӣ ба рӯз оварад шоми фироқи туро,
Гар на ба ҳолаш кунӣ раҳм, бувад вои ӯ!

Мешиканад чун хазаф қимати дурри Адан
Ҳамчу суханҳои ман лаъли шакархои ӯ.

Бод туро офарин, Туғрали шоҳинватан,
Кард тамом аз сухан васфи саропои ӯ.

пешина
аз 312
навбатӣ