Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оразат офтоб мегӯям,
Наргисатро шаҳоб мегӯям.

Бо ту, эй нури чашм, ҳарфе чанд
Ман зи роҳи савоб мегӯям.

Дил рабудӣ маро ба тори зулф,
Сухан аз печутоб мегӯям.

Эй парӣ, гӯш ҷониби ман кун,
Моҷарои азоб мегӯям.

Лолаосо ман аз ғамат доғам,
Хонаи дил хароб мегӯям.

Рӯзгори маро сияҳ кардӣ,
Холи лаълат ғуроб мегӯям.

Шӯхчашмо, биё ба кулбаи ман,
Ба суолат ҷавоб мегӯям.

Ёди лаълат ҳар он кӣ кард, намурд,
Ин ҳадис аз китоб мегӯям.

Дӯш кардӣ маро нигаҳ, лекин
Ин қадар кай ҳисоб мегӯям?!

Чӣ зи ман, эй табиб, пурсӣ ранҷ?!
Ҷигарамро кабоб мегӯям!

Абри лутфаш ба cap намеборад,
Рашҳае аз сароб мегӯям.

Нуктаҳои висоли ӯ, Туғрал,
Шаби ҳаҷраш ба хоб мегӯям!

То нигаҳ аз чашми ҳайрон кардаем,
Хонаи ойина вайрон кардаем.
Оламе моро мусаххар шуд магар?
Ёди ангушти Сулаймон кардаем.
Хешро дар маҳфили базми адаб
Баҳри иди васл қурбон кардаем.
Лаззати дардаш гар ин аст, эй табиб,
Бигзар аз мо, тарки дармон кардаем.
Бо вафои ёр ҳамчун зулфи ӯ
Дар шикасти аҳд паймон кардаем.
Ашки навмедӣ зи чашми интизор
Бар дари уммед дарбон кардаем.
Ҷон ба як ними нигоҳаш бохтем,
Мушкили худ сахт осон кардаем.
Чун сароб андар биёбони ҷунун
Аз сиришки хеш тӯфон кардаем.
Мо ғалат пеши лабаш аз ноқисӣ
Қиссаи лаъли Бадахшон кардаем.
Шуд фиғони шона хушк аз тоби ғам,
Равған аз шамъи шабистон кардаем.
Мову Маҷнун хонда дар фанни ҷунун,
З-он сабаб тарки дабистон кардаем.
Гарчи дар ҳаҷрем, аз ёди рухаш
Дам ба дам сайри гулистон кардаем.
Ҳамчу гул имрӯз аз боғи сухан
Маънии бисёр сомон кардаем.
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил гуфтааст:
«Ёр меояд, чароғон кардаем!»

пешина
аз 312
навбатӣ