Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу гул з-ин боғ як дил ғарқи хунам,
Кас огаҳ нест аз рози дарунам!
Парешонам шабеҳи зулфи Лайлӣ,
Мисоли бахти Маҷнун вожгунам!
Мапурсед аз ману афсонаи ман,
Хароби он ду чашми пурфусунам!
Манам имрӯз Ҳассони маонӣ,
Ба фанни хеш з-Афлотун фузунам!
Муаммои маро ҳар кас нафаҳмад,
Ки ман ин бешаро шери ҳарунам.1
Намоям ҳалли мушкилҳои борик,
Калиди қуфли фикри зуфунунам.
Надонӣ матлабам, ҳолам надонӣ,
Агар донӣ, ҳамедонӣ, ки чунам!
Маро хонанд «халлоқулмаонӣ»,
Набудам қабл аз ин, аммо кунунам!
Нарӯяд ҳамчу ман рамзошное
Дар ин кишвар ба аҳди сад қурунам!
Нишони ман ҳарифи тири кас нест,
Маҳакро кай иёри озмунам?!
Агар бо фазл гаштӣ рутба ҳосил,
Дар оғӯши қамар будӣ сукунам.
Валекин чарх бошад сифлапарвар,
Асири қайди ин гардуни дунам!
Қумоши фазлро набвад харидор,
Аз ин савдо ба cap резад ҷунунам!
Маро килки қазо бинвишт «Туғрал»,
Саводи нусхаҳои «коф»-у «нун»-ам.

1 Ҳарун – саркаш, нофармон.

пешина
аз 312
навбатӣ