Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Набошад ҷуз ҳисоби ғам ба ҷадвал хатти тақвимам,
Ки Маҷнун дар дабистони ҷунун додаст таълимам.

Шуморам нақди имрӯз аз камоли фурсати фардо,
Чу моҳи нав бувад дар маснади таъхир тақдимам.

Басе лофи муҳаббат мезадам дар силки ушшоқаш,
Маро охир ҷувози ин мунодӣ кард тархимам.

Ба муҳри бехудӣ шуд хатми туғрои мисоли ман,
Намебошад ҷуз аҳкоми ҷунун дигар дар иқлимам.

Гудозам карда саррофи қазо дар бӯтаи меҳнат,
Иёри пок дорам, нест аз айби касон бимам.

Аз он рӯзе, ки шуд амрам дар иқлими сухан ҷорӣ,
Ба ҷуз бахти сияҳ набвад ба фарқи хеш дайҳимам.

Чунон сомони доман кардаам кунҷи қаноатро,
Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.

Насибе нест ҷуз мероси Маҷнун аз қазо бо ман,
Ҳамин бошад маро аз сарнавишти ҷабҳа тақсимам.

Ба сунбул қиссаи зулфи буногӯшаш баён кардам,
Ба рӯи гул зи хиҷлат то набурд аз шарм таъмимам.

Ба таҳрири табассум аз лаби лаълаш ҳамеҷӯшад
Зулоли зиндагӣ чун мавҷи май аз чашмаи мимам.

Зи роҳи бехудӣ имрӯз монанди сиришки худ
Саре дар пои ӯ меафканам, ин аст тасмимам!

Қалам омад пайи таҳрири мавҷи теғи абрӯяш,
Ҳилол аз чарх чун қавси қузаҳ хам шуд ба таъзимам.

Хушо аз мисраи султони авранги сухан Бедил:

пешина
аз 312
навбатӣ