Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Надонам аз чӣ устоди азал кардаст тахмирам,
Ки шуд аз шаҳпари парвози анқо килки тасвирам.

Шабе чун зулф рафтам дар хаёли маҳбаси рӯяш,
Ҳамин афсонаи дур аст хоби субҳтаъбирам.

Чӣ мепурсӣ ба Маҷнун нисбати расвоии моро,
Тавон рамзи ҷунун фаҳмид аз сози баму зерам!

Ба ранги бехудӣ чун нола мехоҳам равам сӯяш,
Хаёли ҳалқаи он зулфи шабранг аст занҷирам.

Дар ин водӣ ғубори ҷуръатам з-ором рам дорад,
Ки чун ваҳшат ба зери сояи мижгони нахчирам.

Саманди нолаам дар зери бори сурма кай монад?
Ба қуллоби нафас аз роҳи хомӯшӣ замингирам!

Хаданги фикри ман бошад ҳарифи ҳар нишон,
Туғрал,
Ту пиндорӣ, ки аз боли расо омад пари тирам.

Бисоти ҳастии худро ба роҳат хок месозам,
Агар бошад замин носоз, бо афлок месозам!

Лабам аз оташи шавқи муҳаббат хушк шуд, лекин
Зи ашки хунфишон мижгони худ намнок месозам.

Либосе дар бари ман нест акнун ғайри расвоӣ,
Гиребон то ба домони қиёмат чок месозам.

Аз он рӯзе, ки дурам аз дами субҳи висоли ӯ,
Чу шамъи шоми ҳаҷр оҳ аз дили ғамнок месозам.

Набошад маъбаде ҷуз гӯшаи майхонаам дигар,
Агар зоҳид шавам, аз чӯби раз мисвок месозам.

Ҷаҳоне гашт яксар гӯшаи чашми сияҳмасташ,
Кафан андар шаҳиди ӯ зи барги ток месозам.

Чунон мастам ман аз ҷоми хаёли бодаи шавқаш,
Ки субҳи васл кай аз шоми ҳаҷр идрок месозам?!

Дар ин водӣ зи сомони шикори ман чӣ мепурсӣ,
Ки аз сайди маонӣ зинати фитрок1 месозам!

Зи тоби шуълаи шавқи ту хокистар шудам, лекин
Ғубори кулфат аз ойинаи дил пок месозам.

Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи баҳри сухан Бедил:
«Ба завқи ҷустуҷӯят ҷайби ҳастӣ чок месозам».

1 Фитрок – тасма ё чарми борике, ки аз ақиби зини асп меовезанд.

пешина
аз 312
навбатӣ