Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Эй аз баҳори оразат наззораро ҷон дар бағал,
Ойина дорад аз рухат ҷӯши чароғон дар бағал.
Фарёди ошиқ кай кунад дар гӯши маъшуқаш асар,
Булбул надорад дар чаман ҷуз оҳу афғон дар бағал.
Эй дида, дар базми адаб мағрури осоиш машав,
Як субҳи васлашро бувад сад шоми ҳиҷрон дар бағал.
Аз ёди тири ғамзааш эмин набошад синаам,
Чашми хадангандози ӯ хобида пайкон дар бағал.
Дар чорсӯйи ишқи ӯ во карда дуккони ҷунун,
Аз баҳри савдои ғамаш дорем ҳамён дар бағал.
Хондем дӯш андар чаман аз дафтари авроқи гул:
Мушкил, ки ояд дилбарат имрӯз осон дар бағал.
Аз баҳри таълиқи Ҷунун дар пои мардум мефитад,
Тифли сиришкам гӯиё дорад дабистон дар бағал.
Чини ҷабини мунъимон кай манъи ибромаш кунад,
Чашми гадо бинад агар дасти каримон дар бағал?
Доруи дигар кай бувад андар маризи ишқи ӯ,
Бемори чашмашро бувад пайваста дармон дар бағал.
Шамъ аз гудози оразат дар гиря аз шаб то саҳар,
Чидаст доман то қамар, гӯё, гиребон дар бағал.
Дӯш ин ғазал дар гӯши ман мегуфт деҳқони сухан:
Назме, ки Саъдӣ гуфтааст, дорад «Гулистон» дар бағал!
Туғрал, ҳазорон офарин бар мисраи баҳри сухан:
«Эй аз хиромат нақши по хуршеди тобон дар бағал!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё