Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дамад субҳи умеди ман агар аз шоми ҳиҷронаш,
Нигаҳ хуршед хирман мекунад аз рӯи тобонаш.
Чӣ сон оям ба арзи ҷавҳари фарди даҳони ӯ,
Ки ҳикматҳо бувад пӯшида дар тафриқи имконаш!
Агарчи чашми ман равшан шуд аз хоки раҳаш, лекин
Димоғи шона торик аст аз зулфи парешонаш.
Хумори чашми ӯ зоҳид ба хоби ноз агар бинад,
Ба як наззора мебозад гарав аз нақди имонаш.
Навозишномаҳои вазъи ҷудаш гар баён созам,
Арақ бар рӯи Ҳотам гул кунад аз шарми эҳсонаш.
Агар бар даъвии рӯяш гул андар боғ бархезад,
Кашад домони зулфи ӯ ба хоре аз гиребонаш.
Ба роҳи водии ишқаш туро аз cap қадам бояд,
Ки ошиқро набошад бок аз хори муғелонаш.
Барои лаъли Ширин Кӯҳкан ҷон меканад, лекин
Намеарзад ба пеши ӯ ба як ҷав қимати ҷонаш!
Нагардад ҳар кас аз лофи муҳаббат ҳамсари Маҷнун,
Бувад хосийяти давлат дар ангушти Сулаймонаш!
Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Шикасти мо тамошо кун, мапурс аз ранги паймонаш!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё