Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳар киро бошад чу ман гар шӯхи симин ғабғабаш,
Дар ҷаҳон набвад ба ғайр аз шодкомӣ машрабаш.
Оқибат, ҳар кас, ки дил бастаст андар зулфи ӯ,
Ҳал шавад аз уқдаҳои ин муаммо матлабаш.
Мерасад охир ба васли давлати лайливашон,
Ошиқеро гар бувад Маҷнун шарики мактабаш.
То дами рӯзи қиёмат сад ақиқ андар Яман
Хуни ҳасрат мехурад аз сурхии лаъли лабаш.
Менамояд чашми моро чун ҳилоли рӯзи ид,
Ҳар куҷо бошад нишони лаъли пои маркабаш.
Ваъдаи як бӯсае машрут ба ҷонам карда буд,
Насхи таълиқ аст, гӯё, хатти райҳони лабаш.
Моҳ дар ақраб бувад манҳус дар назди ҳаким,
Эй хуш он рӯзе, ки бошад моҳ андар ақрабаш.
Чун сагон нолид Туғрал бар дараш то субҳдам,
Н-омадаш раҳме ба дил аз нолаи ними шабаш.
Шаҳодатбисмилам аз як нигоҳи чашми мастасташ,
Аҷал дар хотирам н-ояд зи лаъли майпарастасташ.
Муҳити кулфати ғамро дилам з-он рӯ шуда моҳӣ,
Ки то берун кашад з-он баҳри ғам он маҳ ба шастасташ.
Сари таслим хубонро ба пои ӯ аз он бошад,
Ки андар cap бувад ӯро кулоҳи каҷшикастасташ.
Аз ӯ хоҳам кушоди мушкили бахти сиёҳи худ,
Ки бошад бастану бикшодани дилҳо ба дастасташ.
Ливои нозанинӣ аз ҳама боло зада ҳуснаш,
Аз он рӯзе, ки андар маснади хубӣ нишастасташ.
Дилам ҳамчун сипанд аз оташи ишқаш ҳамесӯзад,
Зи хомӯшӣ вале як раҳ аз ин миҷмар наҷастасташ.
Яке cap кай бувад холӣ зи савдои хаёли ӯ?
Зи доми ҳалқаи гесӯи ӯ як дил нарастасташ!
Назокат чокари сарви қади шамшоди ӯ гашта,
Пайи тороҷи дилҳо дар камар то баҳла1 бастасташ.
Чаманро боғбон зинат фузуд аз баҳри ташрифат,
Фидои мақдами неки ту созад, ҳар чӣ ҳастасташ.
Агарчи субҳ зад дам аз дами субҳи буногӯшат,
Синони найзаи хуршед ӯро сина хастасташ.
Ниҳоли боғи табъам, Туғрал, аз хуршед бар дорад,
Ба гулчинӣ дар ин гулшан ба ҳар қобил раҳ астасташ.
Мастасташ – яъне, масташ ва ин ҳам як навъ аз вожасозиҳои ҷаноби Туғрал аст, ки мисдоқашро дар осори ӯ дидем.
1 Баҳла – дастпӯши чармини шикорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё