Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди матни ғазали мазкур «дар ҷавоби Охун Муҳаммад Содиқхоҷа Гулшании Бухороӣ навиштам»- гӯён ғазали худро марқум сохтааст, ки чунин абёте дорад:

Он рӯзи ваъдаи ту саромад, наёмадӣ,
Нахли умед бо самар омад, наёмадӣ!
Дар интизори ваъдаат андар раҳи Бухор
Мадди нигаҳ зи дида баромад, наёмадӣ!
Гуфтӣ, ки меравам ба Самарқанд назди ту,
Биллаҳ, маҳалли найшакар омад, наёмадӣ!

Ҳамчунин, Туғрал дӯсташро дар ду қасидаи комиле беғаразонаву самимона ситоиш карда, шахсияти беолоишу маҳорати баланди шоириашро баҳои сазовор додааст ва дар ин замина ақидаҳои муфиди адабӣэстетикии худро ҳам баён доштааст. Боз, аз мусаввадаи Туғрал бармеояд, ки ӯ ба ду ғазали Гулшанӣ мухаммас ва ба фардаш мусаддас низ баста будааст. Ва аз ин ҳама чунин натиҷае ҳосил мешавад, ки Гулшанию Туғрал дӯстони ҷонӣ буда, ба манзили ҳамдигар рафтуомад ва дар мавориди даркорӣ мукотиба мекардаанд. Далели русидонию маорифпарварии Гулшаниро низ дар табаддулоти фикриву ҷаҳонбинии тозаи шоири рамузфаҳм бетаъсир набояд донист ва ин омил дар роҳи Инқилоби Октябру сохти навини иҷтимоиро ба зудӣ ва бидуни калавише истиқбол намудани бузургмарди зарафшонӣ мақоми муҳимме бояд дошта бошад.
Бино ба гуфтаи ҳолдонон ва шаҳодати Устод Айнӣ, Туғрал «дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи Кӯҳистонро аз зиндагонии шаъшаъадори пурташвиши шаҳр тарҷеҳ карда», тамомӣ ба зодгоҳи худ бармегардад ва дар он ҷо ба деҳқонию чорводорӣ машғулӣ мегузинад, аммо рафтуомадро ба назди ёру дӯсту ҳаммаслакони самарқандию панҷакатияш ба куллӣ қатъ намесозад.
Баъди ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар Русия ва қаламрави Генерал-губернатории Туркистон шоири пухтаву ҷаҳондида ва мутараққию румузфаҳм бидуни калавишу дудилагӣ ба хидмати Ҳукумати Шӯроӣ медарояд ва тавассути қалами обдору синони озодкор алайҳи душманони сохти наву мухолифини ҳаёти нав муборизаи беамон мебарад.

пешина
аз 312
навбатӣ