Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Шаб, ки бо ёди рухат дошт дилам сӯзу гудоз,
Барқи оҳам ба такопӯи ту шуд дар такутоз.
Ҳушам аз cap ба хаёли сари зулфи ту бирафт,
Ҳамчу Мӯсо тарафи Тур давон аз пайи роз.
Сониъи рӯзи азалро ту чӣ хуш маснӯъӣ,
Ки ба акси ту бувад ойинаро рӯи ниёз.
Луъбатонро равиши пардаи афсун як мӯст,
Карда зеру бами ишқи ту маро луъбатбоз.
Чун ба ҳангом хиромӣ ту ба гулгашти чаман,
Чашми наргис ба тамошои ҷамолат шуда боз.
Масти саҳбои ҷамолию ба худ менозӣ,
Ё магар килки қазо баста асоси ту зи ноз?!
Мурғи дил баски ба тири нигаҳат муътод аст,
Сарфи ҳар сифла макун, ҷониби Туғрал андоз!
Қоматам хам гашт охир аз ғами болои ноз,
Як сари мӯ кам мабодо аз сарам савдои ноз!
Ин чӣ сомон аст, ё Раб, дар ғурурободи ҳусн,
Ҳар сари мӯи ту бошад ноз бар болои ноз?!
Дар чаман гар сарви ӯ аз ноз гардад ҷилвагар,
Бишканад қадри санавбар аз қади зебои ноз.
Гарчи бошад рухсати наззора бар рӯяш, вале
Соғари чашмаш бувад лабрез аз саҳбои ноз.
Баски ойини нигоҳаш бо тағофул тавъам аст,
Хуфта, гӯё наргисаш бар бистари дебои ноз.
Рояти Мансури ҳуснаш гар бибардорад алам,
Бигзаронад аз фалак аз ҳиммати волои ноз.
Гар шавад бозори имкон пур зи ҷӯши муштарӣ,
Нест андар чорсӯи ҳусн ҷуз савдои ноз.
Пеши устоди муҳаббат дар сулуки ошиқӣ
Хондаӣ дарси тағофул, лек cap то пои ноз.
Интиҳои кори мо охир чиҳо хоҳад шудан,
Ин бувад гар ибтидои бениёзиҳои ноз?
Гар ҳамин бошад сулуки ишва, натвон ёфтан
Аз бисоти ҳусни ӯ як зарра холӣ ҷои ноз!
Офарин, Туғрал, бар ин як мисраи баҳри сухан:
«Чини абрӯ шуд табассум бар лаби гӯёи ноз».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё