Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй рӯи ту офтоби Ховар,
Лаъли лаби ту зулоли Кавсар!

Сад муъҷизаи Масеҳ дорӣ,
Афсӯс, ки нестӣ паямбар!

Фарқи ту миёни хубрӯён
Чун фарқи араз бувад зи ҷавҳар.

Гар Мисри ҷамолро Азизӣ,
Юсуф набувад туро баробар!

Эй омада бо қади баландат
Шамшод ғулому сарв чокар!

Ҳамшираи кеҳтари ту Маҳтоб,
Хуршед бувад туро бародар!

Хоки қадами ту кӯҳл бодо
Дар чашми сипеҳри чархи ахзар!

Аз хоки адам ба завқ хезам,
Ронӣ ба сарам ту гар таковар1.

Имрӯз шикаста байти Туғрал
Бозори наботу нархи шаккар!

1 Таковар – даванда, тезрафтор, аспи тундрав.

Зибаски гаштаам аз шаҳди васли ӯ маҳҷур,
Мушаббак аст дили ман чу хонаи занбӯр.
Ба роҳи ишқ агарчи зи нокасӣ хечам,
Нагашт сурма ғуборам вале ба дидаи мӯр.
Ту шукри ҳаҷр намо, баски ёр чун анқост,
Ки нест бар сари кӯяш расиданат мақдур,
Шавад хафои ҳадиси ҳақиқатат равшан
Ба пойи дор зи меъроҷи рояти Мансур.
Барои забти инони адаб саре бояд,
Ки фитназост ба майхона духтари ангур.
Мубарҳан аст ба ҳар зарра ҷилваи дидор,
Чӣ меравӣ ба хаёле ба сӯйи водии Тур?
Ба ёди чашми қадаҳ бодаи ҳавас резад
Шикасти соғари хамёза аз лаби махмур.
Адиби ишқ ҳамоно, ки аз хирад дур аст,
Ки ошиқон ҳама бошанд барӣ зи ақлу шуур.
Зи мӯйи косаи чинӣ туро қалам бояд,
Ба сафҳае, ки нависӣ ҳикояти фағфур.
Мадеҳ зи даст ту чун соя хоксориро,
Ки нест ғояти ушшоқ ғайри аҷзу қусур.
Намекашем дигар бор миннати меъмор,
Шудаст хонаи дил аз хаёли ӯ маъмур.
Сабо расонд ба наздикии саҳар дар боғ
Шамими турраат андар машоми ман аз дур.
Тулӯъи орази ту бар дилам чу рӯзи сафед,
Хаёли зулфи ту бар хотирам шаби дайҷур.
Худойро суйи Маҷнун гузар кун, ай Лайлӣ,
Ба ғайри рӯи ту набвад ба чашми ӯ манзур.
Ғуломи мисраи султони Бедилам, Туғрал,
На ҷоми бода шиносам, на косаи танбӯр!

пешина
аз 312
навбатӣ