Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Бар замми ин ҳама, Туғрал марди хоксору фақирпарваре буда, заррае фахру ҳавои аҷдодӣ надоштааст ва ҳирси молу пул дар вай мушоҳида намешудааст. Дар давоми таҳсилу зиндагии мустақил аз мадади моддии бародаронаш ҳазар карда, бо ранҷу заҳмати шахси худ, бидуни ҳашмату дабдаба ва фақиронаву хоксорона рӯз мегузарондааст, ки ин ҳолатро худаш чунин ба таъкид мерасонад:
Чунон сомони доман кардаам кунҷи қаноатро,
Ки андар дил намебошад таманнои зару симам!
Ва ё:
Хоксорӣ нест кам аз дастгоҳи эътибор,
Бӯриёи фақр ҳамчун тахти Ҷам дорем мо!
Рафоқату ҳамсуҳбатиҳои ӯ дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбағал ва омадурафти беохири мардуми фақиру бечора ба хонаи Туғрал дар Зосун гувоҳи равшани хайрхоҳию бечорапарварию авомдӯстии шоир мебошанд.
Ҳамчунин, дар миёни мардуми камбағали Фалғару Панҷакат, Истаравшану Масчоҳ ва Самарқанду Бухоро ёру дӯстони зиёде дошта, ҳаммаҳфили як идда ҳунармандону зиёиён ва ҳамсуҳбати як даста суханварону ҳофизони пешқадами давр будааст. Аз ҷумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Аҳмади Васлӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҳҳоҷ, Қурбӣ, Ҳасратӣ, Гулханӣ, Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Ашрафи Туҷҷор, Абдулфайёзи Қаровулбегӣ ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ ҳусни таваҷҷуҳу эҳтиром доштаанд ва дар чопи девонаш имдодҳо расондаанд.
Аз асноду хотироти мушоҳидон ва офаридаву ишораҳои мутаъаддидаи худи Туғрал бармеояд, ки ҳазордастони зосунӣ ба ду тан аз шуарои ҳамаҳду ҳамзабонаш ҳусни таваҷҷуҳи хосса ва робитаву эътиқоди беандоза доштааст, ки яке Шамсиддини Шоҳин (1859- 1894) ва дигаре Гулшании Бухороӣ (соли ваф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё