СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
МАН ДИЛЕРО НАМЕКУНАМ ҚИСМАТ
Духтаре чун ниҳол мавзун буд,
Ошиқи ҳусни сабзи ӯ будам.
Ҳар шабу рӯз дар канори рӯд,
Дилпур аз бахт назди ӯ будам.
Гӯиё аз нигоҳи сайёд ӯ
Ҳамчу оҳу рамида меомад.
Аз чи бошад, ҳамеша ношод ӯ,
Боибо, сархамида меомад.
То набинанд бо манаш ҳамдард
Ҳамчунон барги бед меларзид.
Рӯй аз одамон панаҳ мекард,
Дар паси кокулони маҷнунбед.
Шеър мехонд дилбари дильёб,
3-он, ки мо дар ҷаҳон намепоем,
Меравад умр ҳар нафас чун об,
Мо ба дуньё дигар намеоем.
Шеър мехонд нарм-нармак ӯ,
Аз ҷудоиву аз ғами ҳиҷрон.
Нола мекард бод аз ҳар сӯ,
Оҳ мезад бод бо афғон.
Дил ба андӯҳи дигаре машғул,
Ёр бо ман иишаста механдид.
Як гулаш ношукуфта аз сад гул,
Духтари дилшикаста механдид...
...Ман дилеро намекунамқисмат,
Як диле бардавом мехоҳам.
Баҳри ман нима дил чӣ кор ояд,
Ман дилеро тамом мехоҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё