СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
ДАР КӮЧАИНЮ - ЙОРК
(ИлҳомазЛуисСимпсон)
Зангие дар кӯчаишаҳриНю-Йорк
Мезанад бар таблу мерақсад накӯй.
Пойкӯбон, дастафшон меравад,
Гӯӣ шодӣмекунадчунрӯзитӯй.
Байрақи давлат ба тан чун пираҳан
Меравад афтону хезон дар ватан.
Меравад болову поён байрақе,
Ҷилвагар дар пеши чашми марду зан.
Косае дар даст мерақсад гадо,
Мезанад он косаро дар санги роҳ.
Гушна нон мехоҳад аз ҳар раҳгузар
Беибо аз рӯзгорипурҷафо.
Ӯ надорад шарм ҳаргиз аз худо,
Шарм доред, эй шикамсерон, шумо,
Шарм дор эй рӯзгори беамон,
Шарм дор, эй бемуравват Амрико...
БЕГОНА
Нигоҳи дилшикори ту куҷо шуд?
Рухи чун лолазори ту куҷошуд?
Ҳам аз ман, ҳам ба худ бегона гаштӣ,
Ғурури ту, виқори ту куҷо шуд?
Ту хушрӯ будиву хушҳол будӣ,
Кабӯтарбаччаи навбол будӣ.
Саропо ҳусни дил ҷӯюмубарро,
Аҷаб, хушбахту хуштаъмол будӣ.
Дили худро ба ту тақдим кардам,
Сари шӯридаам таслим кардам.
Нигоҳи ту ба ҷонам кард тӯфон,
Чу шохе сӯи ту таъзим кардам.
Туро бедарду беғам дидам он рӯз,
Азоби ишқро санҷидамонрӯз.
Дили бесабри ман чун кӯдаке буд,
Зи бемеҳрии ту ранҷидам он рӯз.
Чӣ бедардем мо мардон ба дунё,
Чаро ранҷемаз ёрони дилхоҳ?
Чаро худ қадри ӯро кам шиносем?
Сипас бо ёди у сӯзем ҳаргоҳ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё