Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй равзани назораи чашмони чори ман,
Тирезаҳои равшани уммедвори ман.
Ҳар гоҳ парда мекашад бар рӯятон нигор,
Гӯё ниқоб мекашад ба рӯзгори ман.

Эй чашмҳои гарми сухангӯи ошно,
Рахшон тирезаҳои дилафрӯзи ёри ман,
Бар равшании поки шумо дар шабони тор
Ҳастанд ташна ҷону дили беқарори ман.

Бошед агар кушодаву рахшону дилфурӯз
Бикшодааст ин дили пурорзуи ман.
Чашмам зи осмону замин баста мешавад.
Гар пӯшад он нигор шуморо ба рӯи ман.

ФИЛИ ПИР

Солҳо ин фили дастомӯзро
Кас надида оҷизу афтодарӯҳ.
Фил не, рӯи сутуни чор по
Устувор афтода буд як пора кӯҳ.

Солҳо дар боғи ҳайвоноти шаҳр
Буд маҳбуби ҳама хурду калон.
Шӯху ширинкору беозор буд,
Шодмон буданд бо вай одамон.

Заъфи пирӣ карда ранҷураш магар
Ӯ дигар аз гӯшае н-ояд бурун.
Ҳуштаку фарёдҳои баччаҳо.
Филро бас беасар бошад кунун.

Аз сари мардӣ ба по истодаӣ,
Фили бозингар, намехобӣчаро?
Ё худ аз пирӣ ту исён мекунӣ,
Ё ба дил дорӣ ту дигар муддао?

Гуфт фил андар ҷавоби ман ба дард:
Пири ранҷурам, вале ҳастам бапо
Мард дар бистар бимирад, мард нест.
Оҷизу музтар намирам ҳеҷ гоҳ.

пешина
аз 39
навбатӣ