СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
Рафтему ҳамчун эълони кӯҳна
Акси ману ту аз лавҳа гиранд,
Дар хотири мо такрор-такрор
Он рӯзгорон бас беназиранд,
Ҳар рӯз бе, ту, ҳар шом бе ман.
Пайроҳае, ки мо медавидем,
Гардад алафпӯш, ором гардад,
Чун ресмони дар раҳ фитода
Баъд аз назарҳо гумном гардад
Ҳар рӯз бе ту, ҳар рӯз бе ман.
Аз паҳлуи он шояд ҷавоне
Пайроҳаи нав месозад оғоз,
Дар қад-қади он балки нигоре
Бар ишқи ёре дил мекунад боз
Ҳар рӯз бо ту, ҳар рӯз бо ман.
ТИРЕЗАҲО
Шомасту боз чашм кушоданд як ба як
Тирезаҳо чу дидаи андешаҳои ман.
Рахшанда ҳар шабу саҳар аз нури зиндагӣ,
Дар роҳҳои орзу чун раҳнамои ман.
Дерест, ман ба шӯълаи он шишаҳои пок
Шабҳо назора дораму ҳастам бас интизор.
Дерест ман ба партави он пардаҳои роз
Хонам таронаҳои умед аз вафои ёр.
Оинаҳои қисмати ман, эй тирезаҳо,
Эй равшании ҷону дили беқарори ман,
Ман интизори шӯълаи бедории шумо,
Сӯи шумост дидаи уммедвори ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё