СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
НИДОИ ИШҚ
Ду тан андар зиндагонӣ як бор ҳамдил мешавад,
Ду дил аз сӯзи муҳаббат як замон хун мешавад.
Моҳ бар сӯи замин ҳар сол моил мешавад,
Ду нигаҳ бо ҳамдигар як бор мафтун мешавад.
Кист он носӯхта дар кӯи ишқи бебарор,
Кист он дар зиндагӣ беҳуда дилнобохта?
Дар ғами шӯхи сияҳчашме нагашта дилфигор,
Кист он дар рӯи коғаз мисрае пардохта?!
Чун ба чашмат нигаҳ кардам қалам омад ба даст,
Лоиқи ишқи ту танҳо буд гӯё ин ҳунар.
Оташи дилро фақат шеъру ғазал мекард паст,
Менишастам дар сари тасвири ҳуснат то саҳар.
Гар кушандам, ки туро, танҳо туро мехостам,
Ғунчаҳои боғи мову ту вале нашкуфта монд.
Балки дар як гушаи қалби ту маскан доштам,
Розҳои мо ба ҳам дигар вале ногуфта монд?
Ошиқонро худписандӣ мекунад беэътибор,
Бахти моро он ғурури саркаши тифлона баст.
Ҳар ду бар ду роҳрафтему гузашт рӯзгор,
Аз ҳавои мухолиф тори меҳри мо гусаст.
Ҳар касе ҳамдасту ҳар хушбахт гар ёрат шавад, Ту сазоворӣ фидо созад ба роҳат ҷону тан.
Дар раҳи пасту баланди умр ғамхорат шавад, Дӯст дорад, сер ногашта зи рӯят, мисли ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё