Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бишканад гар килки шоир,
Бишканад паймони ёрон,
Бишканад ғавчӯби2 раҳҳо,
Нашканад армони ёрон.

Гар забун афтод шоир,
Теғҳо гарданд урьён.
Сабзаз сӯзанд яксар,
Кинаҳо ҷӯшад зи чашмон.

Шоир аз гуфтор монад,
Ишқ монад бемурувват,
Беҷазо монад ҷаҳолат,
Безабон монад ҳақиқат.

2Ғавчӯб — шлагбаум.

ДАР БАЗМ

Ҳамерақсӣ ба сози ёри дигар,
Кунун мафтунӣ аз дидори дигар.

Чу кафтар ҳар тараф пар мезанӣ ту,
Ба пои нокасон сар мезанӣ ту.

Чаро уммеди ман дар дил шикастӣ?
Чаро ту чашми рӯзи ман бубастӣ?

Нанолам, дарди ман нолиданӣ нест,
Ки мардонро ба ҳар ғам шеване нест.

Агар нолидам, аз дарде бинолам,
Сазад бо ман бинолад халқи олам.

Кунун хандам, бихандад кӯҳ бо ман,
Бихандад даҳр беандӯҳ бо ман.


Як шаби тирранги маҳолуд,
Боғу бому дари фақирона,
Дар сукути ғамоваре бехуд
Буд чашмам ба кӯи ҷонона.

Чашми сад кас ба сӯи ин манзил,
Лек ёри нигор будам ман.
Ошиқи он ягонаи хушгил,
Ҳар шабе интизор будам ман.

Паҳлуи ман нишаста дар онҷо
То дили шаб таронаҳо мегуфт.
Аз муҳаббат фариштаи раъно
Ёд дорам, фасонаҳо мегуфт.

Рафта имруз ганҷ аз ин вайрон,
Доғ шуд дар дили ман он армон.
Чашмам ин боғро хазон медид,
Дигар аз зист бенишон медид.

пешина
аз 39
навбатӣ