Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барои ин Ватан мо ҷонфишондем,
Таҳизиндонурӯидормурдем.
Ватан то ҷовидонмонадбагетӣ
Сари афрошта бо ор мурдем.

Ватан тақдирифарзандонимо буд,
Ватан-савганди мо, пайкони мо буд,
Ватан-сабри дили меҳнаткаши мо,
Ватан як охирин дармони мо буд.

Ватан на миру на тоҷу на байрақ,
Ватан на ганҷу на ганҷинаҳо аст.
Ватан уммеди фардои хуше буд,
Ватан чун ормон дар синаҳо аст.

ТАКРОР МЕОЯМ

Даруни синаам яхҳо шикаста,
Миёни ҳалқаҳои чашми ман хуршед мерақсад,
Баҳорон боз меояд.
Ба сар хуршеду андар синаам уммед мерақсад,
Баҳорон боз меояд.
Ман акнун дар лаби дарьё,
Ман акнун дар канори чашмаҳо
Ба пазмонӣ лабони бӯсахоҳи ёр меҷӯям,
Ба мисли сабзаи навхез боз аз хок мерӯям.
Назар бинмуда чун кӯҳ,
аз паси дарьё
Нишони рӯзҳои рафтаам дар об мебинам,
Ман аз нав ҳар баҳори умри худро ёд меорам,
Суруди тоза мехонам,

пешина
аз 39
навбатӣ