Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧАРОҒИ МӮҶИЗА

(Матни суханронӣ дар маҷлиси шӯрои адабиёти бачагон)

Имрӯз аз ҳафтсола то ҳафтодсолаи мардуми тоҷик китобхон шудаст ва ҳоло ӯ он китобхони солҳои пешин нест, ки бетафовути неку бад, ҳар чизе ба дасташ афтад, бихонад. Китобхони имрӯзӣ чӣ пир аст, чӣ ҷавон ҳар яке мавзӯи мутолиа ва адибони писандидаи худро дорад, аз осори пучу беранг, аз сухансозиҳои бетаъсир парҳез мекунад, доир ба ҳар як китоби хондагиаш ақидаи худро дорад. Хулоса ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтан мумкин нест.
Чунин хонандаи зирак ва борикфаҳм ҳам адибони моро ва ҳам ноширонро хурсанд мекунад.
Нашриёти “Маориф” барои бачаҳои то ҳабдаҳсола имсол қариб чил номгӯй китоби бадеӣ нашр кард. Ин шумора дар насбати китоби бачагонаи республикаҳои дигар хеле кам бошад ҳам, нисбат ба вазъи чор-панҷ соли қабл хеле зиёд аст — даҳ-понздаҳ номгӯй китоби бачагони мо афзудааст. Боиси шодмонии мо ин аст, ки нашри китоби бачагона пайваста тамоили афзудан дорад ва агар кор ба ин сурат давом кунад, мо аминем дар солҳои наздик талаботи хонандагони мо ба китобҳои хубу марғуб ба андозае қонеъ хоҳад гашт. Нашриёт қариб сол дар миён осори ҳар яке аз адибони писандидаи тоҷикро нашр мекунад. Китобҳои Мирзо Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Толис, Шукӯҳӣ, Гулчеҳра, Fаффор Мирзо, Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, Б.Ортиқов пайваста ба табъ мерасанд. Дар солҳои охир ба адабиёти бачагонаи тоҷик як гурӯҳ адибони пурғайрат омадаанд, ки имрӯз адабиёти бачагонаи моро асарҳои онҳо ғанитар кардааст ва рангу бӯи тозае бахшидааст. Инҳо Мавҷуда ва Гулрухсор, Нӯмон Розиқ, Наримон Бақозода, Озод ва Алӣ Бобоҷон мебошанд. Нашриёт дар солҳои охир китоби нахустини як гурӯҳ адибони ҷавони умедбахшро ба хонанда пешкаш кард ва чанд китоби дигар имрӯзҳо ба табъ мерасад, ки хонандагон ҳоло аз ин адибони ҷавон асарҳои пурмазмун чашмдоранд. Инҳо Ҷӯра Ҳошим, Муҳаммад Fоиб, Латофат, Маҳбуба ва иддае аз ҳамсолони онҳоянд.
Сифати китобҳо, мундариҷаи маънавӣ, бадеъият ва ороиши китобҳо низ пайваста беҳтар мешавад.
Бачагони Тоҷикистон ҳоло ҳар сол ба андозаи 250 ҷузъи нашрӣ китоб мегиранд, ки қариб 30 фоизи онро адабиёти рус, хориҷӣ ва китобҳои беҳтарини адибони республикаҳои бародарӣ ташкил мекунанд. Дар солҳои охир як силсила китобҳое, ки ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ дохил шудаанд, ба забони тоҷикӣ дастраси хонандагон шуданд. Асарҳои Горкий — “Бачагӣ”, “Ҳикоя ва афсонаҳо”, Крилов — “Маймун ва айнак”, Лермонтов — “Қаҳрамони даврони мо”, Алексей Толстой — “Калидчаи тилло ва ё саргузашти Буратино”, Ч.Родари “Саргузашти Чипполино”, Лев Толстой — “Бандии Кавказ”, Короленко “Мусиқачии нобино”, асарҳои Гайдар, Мянд, Гауф, Мало, Пришвин, Франко ва дигар адибони маъруфи олами тамаддун нашр шудаанд, тарҷумаи ин китобҳоро аксар адибони хушсалиқа ва тарҷумонҳои моҳир ба субут расонидаанд.
Мо кам китоб нашр намекунем, бараъкс хеле кам китоб мехонем. Аз ваҷҳи ба фурӯш рафтану нарафтани китобамон. Хеле кам меандешем. Ҳатто адибонамон аз бехаридории китоби худ заррае хиҷолат намекашанд. Дар роҳи тарғибу ташвиқи китобхонӣ кӯшише намекунем.
Дар солҳои охир асарҳои зиёде аз осори адибони республикаҳои бародар ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Бачагони тоҷик ҳоло китоби Абу Бакар, Янка Брил, Оганесян, Цвирка, Георгиу, Смуул, Ҷонғозиев ва дигаронро ба забони тоҷикӣ мехонанд.

пешина
аз 393
навбатӣ