Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар як ҳунарвар ҳангоми эҷод як нуқси бузурги ботини худро мебояд, ки барҳам занад. Ин нуқс — вобастагии инсони эҷодкор ба шахси худ аст. Аз худ бояд ки бигурехт, аз кулли тараддуду ташвишҳои рӯзмарра, аз хонавода, аз дӯстону ҳамнишинон, аз ҳамаи ин зоҳирнамоиҳо… Худро ва ин ҳамаро аз масофаи дуртар, бо чашми дигар мебояд, ки нигарист. Он гоҳ ҳарчи менависед, ҳама даркорӣ, муҳим ва дар мақоми худ меояд.


Гулу гиёҳи ҳаётпарвар рӯй ба ҷониби хуршед майлонанду инсон дар ҳама ҷо ба ҷониби ҳақиқат ва ростию дурустӣ. Адибе, ки адлу ростиро пушти по мезанад, қобилияти эҷодкориашро гум мекунад. Аз ҳамин аст, ки баъзе адибон дар овони ҷавонӣ ва покзамирӣ ба ҳусни ният чанд асаре шоиста эҷод менамоянду баъдтар, аз афти кор, тинати худро ғуборолуд месозанд ва дигар шаҳсутун ва ё меҳвари офариниш — сидқу самимиятро гум мекунанду ба нахустпояи осори худ расидан наметавонанд.


Ҳоло дар айёми мо бо ҳар кӣ сухан мегӯеду мешунавед, чунин хулоса мебардоред, ки ҳама тарафдори ростию дурустӣ, ҳақиқату инсофанд, фидокори халқу ҷоннисори имрӯзу фардои адабиётанд, дар ғами равнақи тамаддуни мардуми мо мӯйи худро сафед кардаанд, ё аз баҳри мӯйи мушкин даргузаштаанд. Пас ин миқдор ҳарҷу марҷу дӯлобкориҳо аз куҷо?


Гуфтугузоре аз овони бачагӣ дар лавҳи хотирам сахт нақш ниҳода: боре падарам бо амаки пири худ — Мулло Хушмурод нишаста чой мехӯрданд.

пешина
аз 393
навбатӣ