Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мехондаму маслиҳаташ медодам, аммо тавфиқ намеёфт.
Оқибат рӯзе гуфтамаш:
— Дар назари ман чунин меояд, ки дар касби нависандагӣ истеъдоди ту камтар аст, маслиҳат ин, ки дигар умри азизро зоеъ насозӣ ва сари вақт аст, ки домани шуғли дигареро бигирӣ. Аз адиби камҳунар мухбири моҳир, муаллими заковатманд, мусаҳҳеҳи нуқтадон авло нест?
Ҷавон биранҷид, лаҳзае абрувонаш гиреҳ хурданду хомӯш монд ва сипас гуфт:
— Ин ҳикояро хондед?.. Магар ҳикояи ман аз ин беҳтар нест? — Вай саҳифаи рӯзномаро кушода ба ман намуд.
Ман он ҳикояро дучор карда будам, вале нахонда, қаблан медонистам, ки мусаннифи он аз навиштаҳои ин ҷавони ҳаваскор беҳтар асаре навишта наметавонад.
— Хуб, агар муродат нашри ин ҳикоя бошад… ба нашр мерасад… аммо чи суд мебарӣ, намедонам.
— Ӯ чӣ суд мебарад?
— Ӯ хуб медонад, ки ин шуғл дар салиқааш нест, аммо дигар аз тӯда мондан намехоҳад, аз рӯи қонуни инерция…
— Ман даъвои зиёд надорам… Мисли он кас бошам, бас аст, — гуфт адиби ҷавон ва маро билкулл ҳайрон кард.
— Аз наздикону пайвандонат касе мудири база ё директори универмаг ё ба ҳамин монандҳо ҳастанд?
— Не…
— Хуб, чи дорӣ? Боғи мевадорат ҳаст?.. Ё ба сафари хориҷ намеравӣ?
Ҷавон лаҳзае ба рӯи ман ҳайратзада нигаристу сипас гуфт:
— Ун ба ҳамин усул чоп мекунад? — оқибат матлабро ба таври худ пай бурд вай.
…Ӯ хеле айём аст, ки ба ман ҳикоя намеорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё