Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соли 1982 повести “Тору пуд”-и маро ҳам аз номи журнал рад карданд. Сонитар Муҳаммадиев онро хонда ҳукми онҳоро инкор карданду повест нашр шуд. Ин чи гап? То ба кай нашри асари нави адиб ба ягон тасодуф ё инояте вобастааст?
Агар ходимони маҷаллаи мо донишмандони маслиҳатбахш бошанд, чаро саҳифаҳои маҷалла ва навиштаҳои худи онон ин қадар хом аст ва аз ғалатҳои кӯрсаводона пур аст?
Ба қарибӣ як ҳикояи нави Саттор Турсун “Панҷаи нарми шафақ”-ро бо азоби алим бошад ҳам хондам. Ҳоло мавқеи таҳлили он ҳикояи ӯ нест, аммо ин қадар гуфтаниам, ки ман ду-се нафар адибонро хоҳиш кардам, ки онро бихонанд. Бо эътимоди комил мегӯям: Саттор адиби болаёқатест, борикбин аст, аммо ин ҳикояаш хонандаро дилгир мекунад, зеро хеле сохтаю бофта баромадаст.
Ман ба худ гумоне доштам, ки адибони мо дар анҷумани худ бериояи хотир, сарфи назар аз мансаб ва қаробат аз ин хусус сухан мегӯянд.
…Дар саҳифаҳои “Садои Шарқ” Хоҷаев таъсироти бардоштаашро аз сафари Ҳиндустон нашр кардаст.
Аслан, боист, ки мақсади сафарнома навиштани адиб “ин ҷо будему он ҷо рафтем” набошад, ҳар як шахси каму беш саводнок аз хонааш берун нарафта, ба кӯмаки се-чор қомус ва китобҳои доири Ҳинд аз ин беҳтар сафарномае навиштан метавонад. Нависанда бояд фақат он гоҳ қалам ба даст гирад, ки доири он кишвар ва диданиҳои он мушоҳида ва ақидаи билкул тозае гуфтанӣ бошад. Ҳайфо, ки чунин матлаб ҳатто аз хаёли Хоҷаев нагузаштаст. Аз ҷумлаҳои пурнуқсони муаллифи сафарнома чашм пӯшида наметавонам: “раисони Ҷамъияти дӯстӣ…”, “кӯчаҳои мурассаъ”, “филони саворадор”, “дар рӯ ба рӯи Қальаи кӯҳна, аз тарафи рости он”, “девори баланду ситабр”,

пешина
аз 393
навбатӣ