Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
цияи наср ба ходимони журнал ҳеҷ хуш намеояд ва вақте ки қариб баъди як сол ба муҳокима ғун омаданд, онҳоро даъват накарданд. Агарчи Баҳорӣ ва Кӯҳзод бо онҳо зери як бом буданд. Повестро дар маҷалла Хӯҷаев, Саттор Турсун ва Файзуллоев гуё хондаанд. Аммо аз рӯи муҳокимаронӣ ва қайдҳои онон дар ҳошияи дастнавис ман яқин кардам, ки онро фақат Хӯҷаев то охир хондасту бас.
Онҳо ба асари ин банда ягон эроди мушаххас надоштанд, ки надоштанд. Мисли ҳамеша гапашон якто: кӯтоҳ кардан даркор!
Баъд қиссаро аъзои президиуми ИН мутолиа карданду ба идораи маҷалла тавсия карданд, ки повестро интишор кунанд. Аммо сармуҳарири маҷалла Лоиқ Шералӣ номи маро дар саҳифаи маҷалла ҳеҷ дидан намехост. Вай ҳеҷ бовар намекард, ки маҷалла моли хусусии ӯ нест. Ба сахтӣ бошад ҳам, ман оқибат ин ҳақиқатро ба ӯ собит кардам ва маҷалла он асари маро нашр кард. Аммо дигарон, ононе, ки бо ӯ ин қадар муқовимат кардан намехоҳанд ё баробар шуданро ба худ муносиб намедонанд, чӣ хоҳанд кард?
Чаро ман аз ин хусус аз минбари анҷумани адибон сухан мекунам? Борҳо дар маҷлисҳои гуногун аз ин хусус сухан гуфтем, аммо рафиқоне, ки боист дар паи ислоҳи ин нуқсонҳо бошанд, саъяшон бар он аст, ки худрову гунаҳкоронро сафед кунанд. Ин аст, ки маҷалла рӯзафзун табоҳ мешавад. Адади нашри он аз 40 ҳазор ба 20 ҳазор фуромадааст! Магар ин огоҳии ҷиддӣ барои ҷӯрабозон нест?!
Ингуна муносибати бадхоҳона баъди вафоти устод Турсунзода ривоҷ гирифтанашро сабаб ин аст, ки Мӯмин Қаноат ҳаргиз асареро намехонад, агар ба ӯ мусаввадае диҳед, гум мекунад, вассалом. Додамонро ба кӣ гӯем?
Додхоҳ кист, додгустар кист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё