Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
РЕПЛИКА
АЗ ДИЛИ ХУД СУХАНЕ ГӮ…
Солҳое, ки шеър машқ мекардам, ғазале гуфта будам, ки як навъ шеъри барномавии ҷавонӣ ба шумор мерафт. Ҳоло чанд байти он мувофиқи ҳол маро вирди забон гаштаст:
Шоир аз шеъри касон маънигадоӣ накунад,
Оядаш нанг аз он ҳарф, ки такрор кунад.
Ҷомаи нав натавон дӯхт ба дарбеҳи куҳан,
Аз чунин беҳунарӣ марди ҳунар ор кунад.
Эй ки аз шеъру сухан номи баландат ҳавас аст,
Аз дили худ сухане гӯ, ба диле кор кунад.
Айёми охир баъзе қаламкашони ҷавон ва ё дар ин ҷода ҳаваскор бе ҳеҷ истиҳола унвони китоби адиберо барои як хабари рӯзномавии оддӣ ва мақолаву очерки худ сарлавҳа мегузоранд, гоҳе ба китоби худ низ. Дар маҷаллаю рӯзномаҳои марказӣ ҳаргиз чунин беэътиноиро дучор намекунед. Ҳеҷ муалифе ҳақ надорад ба навиштаи худ беистинод “Живи и помни”, “Потерянный кров”, “Закон вечности” ва ғайра ном диҳад, ҳатто унвони китоби номашҳуреро ба китоби худ гирифтан ҳам сарқути адабӣ ба ҳисоб меравад.
Повести ман ба унвони “Рухсора” аз ин даҳ сол муқаддам интишор ёфта буд, баъдтар тарҷумаи русии он ҳам бо ҳамин сарлавҳа интишор ёфт. Ҳоло мусаммо ба ин унвони “Рухсора” китоби адиби ӯзбекзабони самарқандӣ Б.Даминовро дучор кардаму ангушти тааҷҷуб ба дандон газидам. Дар байни ӯзбекҳо исми Рухсора маъруф нест ва ҳаргиз зане ё духтареро ба ин ном намеёбед ва Рухсора дар миёни тоҷикзабонони Ӯзбекистон ҳам то солҳои охир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё