Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҲИКОЯТ ЧИСТ?
Ба ин савол адибони дунё, ҳар кадоме ба тарзи
фаҳмиш ва биниши худ, вале асосан, ба як маънӣ ҷавоб
додаанд, ки гуфтаи як тан аз онҳо — адиби англис Соммерсет Моэмро иқтибос мекунам. Ӯ мегӯяд: “ҳикоятро вобаста ба тӯли он аз даҳ дақиқа то як соат мутолаа мекунанд ва хонанда дар он бо як шайъи (предмети) ягона ва мушаххасу муайяне, ки дар воқеоту ҳодисот печидаасту як чизи яклухтро тасвир мекунад, сару кор дорад.
Ҳикоятро ба тарзе бояд навишт, ки ба он имкони ҳарфе афзудан ва кам кардан набошад”. Дар ин гуфта кулли сифатҳои ҳикоят зикр шудааст. Чунон ки адиб мегӯяд, ҳикоят як лахти ибратомӯзи зиндагӣ аст.
Ҳикоят шаклу тарзҳои гуногун дорад: сюжетнок ва бесюжет, фалсафӣ, андарзӣ, дилхушкунанда ва ё ба усули муколама ё андеша, воқеӣ, хаёлӣ ва ғайра… Қаҳрамони ҳикоят гоҳ инсони некирода, гоҳе бадкирдор, ҳайвон, ашё ва ғайра хоҳад буд. Адибон гоҳе дар ду варақ ҳикоят як ҳаёти тамомро мекунанд, гоҳи дигар дар сӣ варақ як лаҳзаина ҳодисаро.
Адиб дар хусуси ҳар чизе, ки нависад, дар зимни он симои худи вай — хоҳӣ дили бузургу соф дорад, хоҳӣ ночизу нокиро, ҳамеша аён аст. Аз ин ҷиҳат метавон бо эътимоди қавӣ гуфт, ки одамони пасттинат ҳикояти хубу аъло навишта наметавонанд. “Ҳар як адиб дар осори худ ғайриихтиёр каму беш худашро тасвир мекунад.” Ин суханро Ҳёте гуфтааст.
Биёем ба сари ҳикоятсозӣ. Ҳар як воқеа ба сари худ ҳикоят нест. Қаламкаш дар асоси ҳикоят воқеаи оддӣ, вале ибратомӯзро бояд гузорад. Зиёда аз он, вай воқеаи зиндагиро аз хаёл ва таҷрибаи рӯзгори худ такмил диҳад, иловаҳо бандад, ба мақсад мувофиқ созад. Он гоҳ воқеа равшан, симои қаҳрамонҳо таъин ва барҷастаю мушаххас хоҳад буд.
Як-ду сухан оид ба тарзи иншо ва қисматбандӣ. Чунон ки пеш аз ин гуфта шуд, агар аз ҳикояти хуб ҷузъеро кам кунанд ва ё чизе бар он афзоянд, бояд дар бунёди он харобию ноқисӣ ва дар аркони он ноҷӯрию кӯтаҳӣ сар занад. Ба назари ман, ҳар як ҳикояти пухтаю саҳеҳ харсанги суфтаеро мемонад, ки тарҳу шакли хоси худро дорад ва ба он чизе афзудан ва кам кардан натавон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё