Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
МАГАР ИСЛОҲОТ АЗ БОЛО ПОЁН
РАСИД?
Табаддулоти ҷамъият ҳамеша як навъ ҳаракати инқилобомез аст ва ҳар як инқилоб, агар аз боло сар мезанад ва ё аз поён, мувофиқону мухолифони худро дорад.
Бозсозӣ ҳам инқилобест, ки аз боло — аз раҳбарияти фирқаву ҳукумат шурӯъ гашт ва хайрияти кор, бо шаклҳои гуногуни ислоҳоти осоиштаи мурдумон омезиш ёфтааст. Таърих гувоҳ аст, ки ин усул ягона роҳи хеле дурусти ислоҳи ҷамъияти сахт дардманди мо мебошад.
Агар дар миқёси тамоми мамлакат нигарем имрӯз аз равиши бозсозии мо на фақат мухолифони аслии он — намояндагони режими тоталитарӣ ва ҳукумати фармонравоӣ, муфтхурон ва туфайлиёни гуногун, балки бахше аз ҷонибдорони ҳақиқии ислоҳи ҷамъият низ норозианд.
Сабаби норозигии онон ин аст, ки бозсозӣ аз моҳи апрели соли 1985 то ба имрӯз самараи назарраси иқтисодӣ надод, ҳоли мардум беҳтар нагашт. Агар аз ҷиҳати сирф иқтисодӣ ба он нигарем, дарвоқеъ, дар рӯзгори мо ҳеҷ беҳбудие рух надод ва баръакс, ҳоли мардумон хеле бадтар шуд. Вале дар бобати маънавиёт табаддулоте, ки дар шуури мардумони мо рӯй дод, беназир аст! Омма аз мурдоби ҷоҳилият, дурӯғу дағокориҳо, аз банди мутеъияту фармонбардории бечунучаро ва дастбардориҳову каллаҷунбониҳо берун омада ба фошгӯиву ҳақталошӣ расидааст, ки ин комёбии бузурги бозсозист.
Акнун, ки имрӯз навбати ислоҳоти иқтисодӣ фаро расидааст мухолифони иртиҷоъӣ ҳамдасту ҳамовои бахше аз мурдумони бемаҳал умедшикаста бозсозиро нобуд кардан мехоҳанд, ватани уқубаткашидаи моро, истибдоди сталинӣ ва рукуди брежневӣ кам набуд магар, боз ба муддати даҳсолаҳо ба қафо андохтанианд.
Сосиализм дар ҷаҳони имрӯзӣ иштибоҳи таърихӣ будани худро комилан собит намуд. Нигаред ба иқтисодиёти кишвари Чин, ки нимаи як қитъаи тамом асту сарватҳои беназири табиӣ дорад ва ҷузъи он ҷазираи Тайванро ва ё муқоиса кунед Олмони шарқиву ғарбиро, ҳар ду бахши Кореяро, мамлакати сосиалистии Аврупоро! Сосиализм дар ягон кишвари олам озодӣ ва осудагии инсонро таъмин накард. Ҳафтоду се соли умедворӣ, таҷрибагузорӣ ва фиребхурӣ магар кофӣ нест?
Бинобар он, ба ақоиди он такя кардан, яъне, пайрави иқтисодиёти планӣ ва муқобили моликияти хусусӣ будан, замин ва васоили истеҳсолотро дар монополияи давлат гузоштан дар олами имрӯзӣ монеъи пешравӣ ва прогресс будан аст.
Ҳоло мамлакати мо вазъияти мушкил ва мураккаберо ба сар мебарад. Агар ақоидеро, ки дар китобҳои иҷтимоиёт хондаем, андаке тағйир кунем, чунин бармеояд, ки имрӯз сарварон ба тарзи нав зистан наметавонанд ва фуқаро ба тарзи пешин. Яъне, вазъи инқилобӣ пеш омадааст, ки онро фақат ба тавассути ислоҳоти оқилона бартараф кардан метавон.
Қонунҳои иқтисодиро надонистани бахше аз раҳбарони мо имрӯз ба ҳама равшан гаштааст. Онҳо маҳз барои нигоҳ доштани мавқеъу мақоми худ кулли дастури навинро инкор мекунанд ва оммаро то ба ҳадди охирини фарсоиш мебаранду косаи сабру тоқати онро лабрез месозанд. Ҳангоми инчунин вазъият одатан гурӯҳҳои пастфитрату сияҳкор баъзан ба рӯи кор мебароянду ошкоро ба миллатгароӣ, маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ шурӯъ менамоянд.
Аҳли таҳқиқ борҳо ба таъкид гуфтаанд ва навиштаанд, ки баъди инқилоби Октябр хунрезиҳои паёпай ва харобкориҳоро имкони куллан пешгирӣ кардан дастрас буд. Бале чунин имконот буд, вале амалан аз он истифода накарданд. Имрӯз ҳам хатари он аст, ки миллатгароиву маҳалгароиҳои таассубомез ва гурӯҳбандиҳо ба ҳама муваффақияти мо хати батлон хоҳад кашид. Фоҷиаи моҳи феврали соли 1990 ба ин даъвӣ далели возеҳ аст. Ҷавонони гумроҳ қурбони мансабталошиҳо гаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор