Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ва ҳоло дар маркази ноҳия ба рӯи он шаҳри қадима аз чор тараф хокрӯба мепартоянд!) Баъзе рафиқон вазъи имрӯзаи Тоҷикистонро ба вазъи соли 1913 таққос мезананд! Дӯстонам! Охир ингуна муқоиса дуруст нест, марказҳои тоҷикон — шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд дар радифи шаҳрҳои дигари Машриқзамин чи эътиборе доштанд, боист пеши назар оварду бо вазъи имрӯзи он мамолик муқоиса бояд кард.
Вақте ки қариб аксарияти аъзои ҳукумати Тоҷикистон ва вакилони Шӯрои олии ҷумҳурӣ аз хурдӣ китоб нахондаанд ва имрӯз ҳам намехонанд ва ба забони тоҷикӣ саҳеҳ сухан кардан наметавонанд, мо ҳақ надорем, ки аз ваҷҳи гул-гулшукуфии маданият мадҳияхонӣ кунем. Аксаран нутқи бемағзу беранг ва алфози кӯчагӣ, аз мантиқ ва хулосагирӣ бехабарии онон далели аз китоб ва дигар васоили маърифат бебаҳра будани ин касон нест?! Тасдиқ гаштани қонуни забонро раиси Шӯрои олӣ аз варақ ба сахтӣ хонда эълон кунад, сипас аз боби маърифату маданият харф задани мо риёкорӣ нест?! Чаро ин қадар кӯрсаводон ба сарварӣ расиданду болонишин гаштанд, ман ҳеҷ намефаҳмам!
Мехоҳам бидонам, ки бо ин вакилони худ мо кадомин проблемаи дандоншикани худро ҳал мекунем ва кадомин гиреҳи рӯзгорамонро мекушоем?
Роҷеъ ба ваҳдати бародарию бародархондагии миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ он қадар гуфтему навиштем, ки ҳисоб надорад. Дар назари аввал мамлакати мо аз давлатҳои гуногуни миллӣ иборат аст, вале дар амал ҳеҷ як миллат давлату давлатдорӣ надорад. Чунин дурӯягӣ ва дурӯғсифатиро дар бунёди давлати сосиалистӣ ниҳодаанд. Балки дар он айём падару бобоёни мо ҳақиқати таърихро намедонистанд, вале имрӯз ҳар як фарди соҳибмаърифат возеҳу равшан медонад, ки дар таърихи башар ҳеҷ яке аз чунин конгломератҳо дур напоидаанд. Чунин иттиҳоди гуногунмиллат дер нахоҳад монд, инро боист, ки дар назар бигирем.
Дар атрофи ин масъала ба қарибӣ рӯзномаи “Лос- Анҷелес таймс” мақолаи директори маркази таҳқиқи русҳо дар дорулфунуни Ҳорвард — Адам Улмаро интишор кард, ки чунин овардааст: “...Дар даҳ соли наздик имкони мухтасар гаштани ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ 50:50 аст, вале ин ҳол метавон онҳоро ба ҷанги байнихудӣ оварад. Ҷамоҳири соҳили Балтик метавонистанд, ки истиқлол ба даст биоваранд, вале ин ҳол оқибати дигаре дорад — ҷамоҳири дигар низ истиқлол талаб мекунанд, — сараввал Гурҷистон ва аҷаб не, Украина...” (Рӯзномаи “Советская культура”, аз 21 июли соли 1990).
Сабабҳои ба таъзиқи якдигарӣ шурӯъ кардани миллатҳоро ба таҳқиқ дониста, сипас барои бартараф кардани он сабабҳо кӯшиш кардан лозим аст. Маҳз, ҳамин сабабҳоянд, ки дар Гурҷистон абхозу осетинҳоро таъзиқ мекунанду дар Ӯзбекистон тоҷиконро ва ҳоказо.
Монанди ҳар як фарди ватанпарвар ман ҳам донистан мехоҳам, ки чаро ҳукумати СССР барои ҷилавгирии ин офати пешоянда чораҳои амалӣ надид? Охир, ҳолдонҳо сабаби ихтилофи озариёну арманиҳоро ҳанӯз дар ибтидои хурӯҷи онон бартараф кардан мумкин буд, мегӯянд.
Дар анҷумани охири КПСС ғалабаи тарафдорони бозсозӣ аксари мардуми моро хушнуд сохт ва ба фардо умедворӣ бахшид. Дар акси ҳол қисмат мамлакати бенавои моро боз якчанд даҳсолаҳо ба қафо меандохт. Ман ҳам аз ғалабаи Михаил Горбачев хушнудам. Аммо боз ҳам диламро гургон мехарошанд: агар дар тӯли муддати президентии Горбачев дар мамлакат беҳбудии иқтисодӣ ба амал наояд, пас чи мешавад? Боз роҳи дигарро пеш мегирем? Иқтисодчиён ва ҷамъиятшиносони ҷаҳон аминанд, ки дар муддати чор-панҷ сол мамлакати моро ба роҳи равнақу таҷаддуд баровардан муҳол аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор