Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Баъди ошноӣ бо ҳайати ин шӯро яке аз дӯстони зираки ман гуфт, ки “ин ҳам барои птичка”. Бешак, дар он миён ба мисли Рашид Раҳимов ва Раҳим Масов уламои шоистае, ки дар сиёсат ва иҷтимоиёт аз онон маслиҳате бармеояд, ҳастанд, вале аксар дар боби давлатдорӣ агар дар гӯед, девор мегӯянд. Дарвоқеъ, агар ин шӯро ба номаш ташкил нагашта бошад, ба узвияти он чунон ки дар айёми тартиботи масхараомези коммунистӣ буд, боз раҳбарони аввалу сонии идораҳои илмиву эҷодӣ ва баъзе афроди дар ин ҷода сирф тасодуфӣ дохил намегаштанд. Солҳои бешумор раҳбарони идораҳои мо ба ҳамин минвол расман узви даҳҳо ташкилот, ҷамъият, ҳайати таҳририя ва ғайра буданд, аммо ҳама ба номаш буд. Инсоф диҳед, наход ки боз ҳамон дегу боз ҳамон кафлес бошад?!
Гирумони тартиботи пешинро аз шуури мардуми мо сутурдан басо мушкил аст. Агар қабл аз ин баъзе аз тамаъгарони мансаб дар ҳаққи Русия ё миллати рус сухани ба эътироз монандро сирфан тоб наоварда, ба сари мо бӯҳтону гуноҳҳои гӯшношунидаро мерехтанд, ҳоло баъзе афроди пешдаргирон дар бобати Эрону Афғонистон ё мамолики араб ҳамин усулро ба кор мебаранд. Муддате қабл аз ин дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Эрон ҷаноби Вилоятӣ, азбаски қавми мо суннимазҳабанд, ман савол кардам: чун аст, ки дар Эрон эрониёни суннимазҳаб баробари арманиҳоанд, яъне, аз басе ҳуқуқҳои конститусионӣ маҳруманд. Ҷаноби Вилоятӣ дар ғояти борикназарӣ гуфт, ки дар Покистон анқариб бист милюн шиаҳо ҳастанд, ки бист андар сади нуфуси он кишварро ташкил мекунанд, аммо бо сунниён баробарҳуқуқ нестанд, сипас чигуна бошад, ки дар Эрон ҳамагӣ панҷ дар сади аҳоли сунниёнанду мо ононро ҳуқуқи баробарӣ диҳем ва ғайра...
Аммо чи мегӯед, ки яке аз шоирони мо, ғолибан ба маънии ҷавоби ҷаноби Вилоятӣ саҳеҳ сарфаҳм нарафта будааст магар, ба таввасути радио ин саволи маро “саволи иғвогарона” эълон кард ва дар Эрон вазъи сунниён чунин нест гуфт. Боз ҳамон қоидаи пешин ба ёд мерасад:
дар ҳузури бародари бузург аз ҳақу ҳуқуқи худ даҳон кушоданамонро манъ карда буданд. То ба кай мо ба усули нобиное, ки як чизаки тасодуфан дидагиашро сахт мегирад, амал мекарда бошем? Баъзе аз зиёиёни мо агар як раҳ ба Эрон рафта омада бошанд, гумон мебаранд, ки он мулк хоса ифтихори онон аст ва дигарон ҳақ надоранд бо вакили он кишвар баробар истода гуфтугӯ кунанд.
Ҳол он ки хеле аз ҳамдиёрони мо муқими эронзаминанд ва ман наметавонистам, ки чунин савол накунам. Хулоса, афъолу омоли дохундагӣ (ба маънии “провинсиализм”) дар табиати мо сахт махлут гашта, ба тавассути маърифати андак тағйир пазируфтани он мушкил аст...
Ба ҳамин минвол, ман дерест, ки эътимоди қавӣ пайдо кардаам, дар муҳити адабии мо танқид фоида надорад. Аз ваҷҳи заҳматҳое, ки бар асари андаке танқид ё саҳеҳтар аст агар гӯям, гилагузорӣ, ба ҷони худ чашидаам, ҳоло сухане намегӯям, ин ҷиҳат мавзӯест барои мақолаи алоҳида. Алҳол хулосаи мушаххаси ман аз рӯзгори аҳли адиби айём ин аст, ки сагеро бад нагӯям.
1991-92

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор