Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар ин одамон ба чи ҳунаре қобилият доштани худро меҷустанду меёфтанд, балки мо дар шахси онон муаллимони нағз, коргузорони моҳир ва ё худ деҳқону молдорони ба кӯшиш печидаро медидем.
Аммо онҳо аз паи кори худ нарафтанд...
Сипас бигӯед, ки чаро мағозаву китобхонаҳои мо ҳамвора аз китобҳои ба касе нодаркор моломол набошад?!
Дарвоқеъ, даврони Шӯравӣ барои беҳунарон, дасисаҷӯён, иғвогарону қаллобони гуногуннусха ҷавлонгоҳи фарох муҳайё сохта буд. Зоти ин қабил ҳабисон дар ягон давру замон ва дар ҳеч як кишвар ба ин тариқе, ки дар ин шашяки ҷаҳон ривоҷ ёфт, наафзуда буд.
То замоне, ки нашриётҳои мо моликияти давлатанд, инчунин вазъият дар адабиёту фарҳанг низ давом хоҳад кард ва мо ба қоғази гаронбаҳо музахрафоти ба касе нодаркори шоиртақлидони қофиябоф ва рӯзноманигорони беҳудагӯйро интишор хоҳем кард...
Ин ҳам шуниданист, ки дар хориҷа борҳо аз адибони мо касбу корашонро мепурсанд ва агар дар ҷавоб гӯянд, ки “ман шоирам” он мардумон тааҷҷуб мекунанд:
“Наход ки шуғли дигаре надошта бошем? Ҳамчун хоббӣ, яъне, дар соатҳои фориғ аз кори асосӣ шеър навиштан мумкин аст, аммо умри азизро маҳз ба ин кор харҷ кардан дар айёми мо исроф нест? Дар ин замон шеър ба кӣ даркор аст...” Дареғо, ки бисёр касон ин маъниро дуруст идрок намекунанд, тағйир ёфтани оламу одамро намебинанд.
Акнун эътимод пайдо кардед, ки танқид дар муҳити илму адаби мо як навъ фаъолияти бесамар, беҳуда ва сирф ба зиёни шахси мунаққид будаст?!.
Инчунин тарзи давлатдории мо ба даври дастархони адабиёт он қадар ҳавасмандонро ғун кард, ки дигар адибони соҳибҳунар маҷбуранд, ки нони дами дасташонро бо ин тоифа тақсим кунанду ба ҳам бинанд, яъне, китобҳои ононро ба нашр расонанд.

пешина
аз 393
навбатӣ