Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Бенҷамин Франклин ҳам, ки дар айёми ҷавонӣ густоху безинҳор будааст, баъдтар дар айёми камолоти умр навиштааст: “Ман дар ҳаққи ҳеч кас бад намегӯям, вале дар ҳаққи ҳар як фард ҳар чи аз хубу некӣ медонам, хоҳам гуфт...” Боист, ки инсон, ҷои он, ки ба танқиду танзу мазоҳи дигаре пардозад, ҷаҳде ба кор барад, то сабаби аслии нуқсон ва ё табаҳкории инсонро дарёбад, кӯшише ба кор барад то бидонад, ки чаро ӯ маҳз чунин рафтор мекунад, чаро истеъдоди суханварӣ надошта бошад ҳам, китоб менависаду китоб нашр мекунад, марди сиёсӣ набошад ҳам, вакили парламент аст, аз донишу фарҳанг бенасиб бошад ҳам, академик ва ё сарвари институт ва ё академия аст. Чунин вазъиятро дар ягон мамлакати дигари олам намебинед! Магар харобии маънавӣ ва иҷтимоиёти мо аз вазорат кардани гилкору дарзӣ ибтидо нашуд?!
...Агар мо имрӯз ба навиштаҳои ҳамқаламони худ аз ин манзар менигаристем, ҳеч аҷаб набувад, ки хеле асрорро пай мебурдем.
Хуб, хонандаи азиз ҳоло аз ман хоҳад пурсид, ки имрӯз сабаби бехаридории китобҳои тоҷикӣ чӣ будааст.
Ман яқин кардам, ки сабаби аслии ин миқдор селоби ашъори бетаъсир ва китобҳои дигари аз ҳикмат бенасиб усули давлатдории мо, набудани моликияти хусусӣ, мунҳадим гаштани қоидаи асосии таҳлилу танзими иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар як миллат — тиҷорати озод аст.
Фаразан, бигирем, ки агар дар кишвари мо низ монанди кулли мамлакатҳое, ки сахти ҳукуматдории мутамаддин ва иқтисодиёти озодро дороянд, нашриёт моликияти хусусӣ мебуд, ношир ин ҳама китобҳои касмахарро магар ба нашр мерасонд? Ҳаргиз. Ба маблағи худ аз сад нафар яке, он ҳам барои имтиҳони таъсири каломи худ китобаки хурде интишор мекарду бас. Бешак, агар таъсири каломаш амиқ бошад, осори чунин адибро хонандагон аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо мутолиа карда, нашри китобашро интизор хоҳанд гашт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор