Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

матҳои камназири Йордан Милев аст.
Дар матбуоти Булғористон намунаи ашъори шоирони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Қаҳҳорӣ, Гулрухсор ва дигарон ба тавассути тарҷумаи ин марди фозил борҳо интишор ёфтааст. Ӯро дар Булғористон ҳамчун адиби тарғиботгари адабиёти Шарқ, махсусан осори адабии мардумони эронинаҷод низ эътироф кардаанд.
Чаро адибони мо ба ин усул, ҳар яке ба омӯхтан ва тарғиби адабиёти ягон миллати дигар ихтисос пайдо намекунанд? Аз ин хусус бояд ки биандешем.
Бузургони мо гуфтаанд: “Ҳар дида, ки ибрате нагирад кӯр аст”. Дар сафари дӯстони булғор осору омоли ибратбахш барои ман хеле фаровон буд, доири кулли он диданиҳо ва шуниданиҳо сухан кардан метарсам, ки дар ҳадди як мақолаи рӯзномавӣ мушкил аст.
Рӯзи хайрбод бо дӯстони булғор ва обу хоки ин диёри пурфайз дар фурудгоҳи шаҳри София дӯсти бисёр азизи ман, адиби номвари Булғористон Йордан Милев ба шӯхӣ пурсид:
— Мебинам, ки кишвари мо ба ту хеле хуш омадааст. Мо ҷаҳд кардем, ба ту ҳама хушиҳову зебоиҳои диёри худро намоиш диҳем. Бешак, камбудиҳои мо кам нес танд...
— Мо ҳам меҳмонро бо чунин суханон гусел мекунем: “Ҳар он чи дар вайронаи мо бидидед, дар ободиҳо нагӯед”. Ҳамин тавр гуфтан мехостед?
— На, баръакс, ҳоло айёми бозсозист ва фошгӯиро машқ мекунем. Агар нуқсоне ё камбудие бидидӣ, бигӯ, то мо дониста бошем...
— Камбудӣ... Намедонам... Ҳама чиз барои ман ибратбахш буд. Фақат як чиз... мардуми Булғористон хеле бисёр тамоку мекашидаанд ва бештар қаҳва мехӯрдаанд... Охир, ту худ медонӣ, рӯзе бист дона сигор кашидан ва ё ду пиёла қаҳва хӯрдан барои бемори гипертония баъзан халокатовар аст.
— Дуруст ба мушоҳада гирифтаӣ, писару духтарони тамокукашро огоҳ кардан лозим, бояд мақолаҳо нависем

пешина
аз 393
навбатӣ