Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пирантураро гузашта будаст, ба забони булғорӣ суханронӣ кард ва як шеъри тозаи худро қироат кард, ки аз таъсири ҷашни сухан дар Смоляни бармеомад ва он мушакпаррониҳо ба ёди шоири афғон билошак наъраи тӯпҳо ва бомбаву автоматҳоро бедор карданаш як амри воқеӣ буд. Бо тақозои гурӯҳе аз дӯстони хориҷӣ ман он шеъри Фониро ба забони русӣ тарҷумаи таҳтуллафз кардам ва чанде шоирон ба тарҷумаи он пардохтанд.
Ман дар ин мулоқот аз боби тарҷума ва интишори осори адибони булғор дар Тоҷикистон батафсил сухан кардам ва гуфтам, ки имрӯзҳо тарҷумаи қиссаи адиби маъруфи Булғористон Йордан Милевро ба унвони “Ҷаноби чатрбардор” ба анҷом мерасонам. Сипас аз баёзи шуарои булғор “Соҳили заррин”, ки чанд сол муқаддам нашриёти “Ирфон” ба табъ расонда буд, шеъри шоираи шинохтаи булғор Благо Дмитрова “Зани танҳо”-ро ба тоҷикӣ қироат кардам, то ҳозирон ба оҳанги шеъри тоҷикӣ ошно бошанд.
Котиби Иттифоқи нависандагони Булғористон Николай Петев аз аҳли маҷлис дархост кард, ки ба ифтихори адибону ноширони тоҷик, ки адабиёти булғорро ба ин самимият ва муҳаббат тарғиб кардаанд, бори алоҳида кафкӯбӣ кунанд ва аз ин банда хоҳиш кард, ки сипосгузории аҳли адаби Булғористонро ба ҳамдиёрони худ бирасонам.
Пойтахти Булғористон — шаҳри София яке шаҳрҳои пурнуру босафо, шаҳри ҳунар, боғшаҳрест, ки аз дару девораш гул меборад. Мардумони ин диёр фақат дар сухан не, балки феълан гулпарастанд. Дар шаҳри София қариб балконе нест, ки тубакҳои гули оташин набошад, ҳатто берун аз шаҳр дар бӯстонсарои шаҳриён, ки миёни чаманзорон воқеъ афтодааст, дар айвону тирезаҳо тубакҳои гул буд ва пиру ҷавон бо шавқи тамом ба гулпарварӣ машғул буданд. Мисраъҳои диловези яке аз шоирони қадими тоҷик ба хотир мерасад, ки ҳазор сол қабл аз ин фармуда:

пешина
аз 393
навбатӣ