Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЭЙ ДИДА, ИБРАТЕ!

Ҳеч аҷаб нест, ки таърихнависони фардо даврони моро ҳамчун айёми ривоҷи сафару саёҳатҳои мардумони олам ба қалам диҳанд. Дарвоқеъ имрӯз одамон дар ҳама дунё нисбат ба давру замонҳои гузашта бештар ҷаҳонгардӣ мекунанд. Мегӯянд, ки воридоти баъзе аз кишварҳои хушҳаво ва соҳиби осори атиқа асосан аз ҷайби сайёҳон аст. Дареғо, ки мамлакати мо ва мардуми мо ҳанӯз ҳам аз ин ҷодаи тамаддуни башарӣ дар канор мондаанд.
Сафару саёҳат барои инсони дидавар дунёи ибрат аст, як мактаби таъсирбардорӣ ва дарсу сабақи таҷаддуд аст. Аммо аз мутолиаи баъзе сафарномаҳои ҷаҳонгардон, ки дар маҷаллаву рӯзномаҳои мо ҳар замон интишор меёбад, маро гумоне мерасид, ки бисёре аз ин касон ба мулки дуре сафар кардаанд, вале шаҳру деҳи он диёрро бо чашмони пӯшида гузаштаанд. Дар ин чунин сафарномаҳо мо аксаран тасвири диёр, шаҳру хиёбонҳо, осори атиқа, тавозеҳи таърихию ҷуғрофӣ ва ё аҷоиботи роҳи сафар ё баёни хушку беранги онро мехонем. Ба ҳеч кас пинҳон нест, ки барои иншои чунин навъ сафарномаҳо ҳоҷати аз хонаи худ берун рафтан нест, аз рӯи қомусҳо ва китобҳои гуногуни доир ба он шаҳру кишвар ҳар як соҳибқалам мақолаи ғаррое иншо кардан метавонад.
Балки аз ҳамин сабаб аст, ки сафарноманависӣ дар адабиёти имрӯз мақому маъруфияти шоиста пайдо накард, чанд очерки хубу марғуб низ дар миёни селоби осори беҳуда ва камарзиш нопадид рафт.
Аммо чанд ҷиҳати шоистаи ибратомез, ки дар сафари Булғористон дар назари ман бархӯрд, рӯзу шабон тақозоям мекард, ки ба каф қалам бигирам ва дар ин саҳнаи бебарорӣ зӯрозмоие кунам.
Адиби москвагӣ Святослав Рыбас ва ин бандафақир дар рӯзҳои ҷашни адабиёти булғор, ки ҳар сол тирамоҳон дар он кишвар барпо мешавад ва аз мамлакатҳои

пешина
аз 393
навбатӣ