Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Ба ман нигар, агар аз ҳоли нағз тайёрӣ бинӣ, китобҳои зуруриро бихонӣ, бе ҳеҷ муттако, худат имтиҳон супорида ба донишгоҳ дохил мешавӣ! Ҳоли ду сол дар пеш...
— Э-э, муаллим, охир кӣ ба зӯри дониш даромадаст, ки ман дароям! Ана, аз деҳаи мо Рамазонӣ ном як бачаи аълохон буд, ба илмаш ҳамаи муаллимон қоил буданд, се сол паёпай рафт, аммо одамаш, ки набуд, дохил нашуд.
Мо ҳамаашро медонем.
Мо аз ин хусус хеле гуфтугӯ кардем. Чи гӯям, ки бачаҳо бо санадҳои аз зиндагӣ гирифтаашон даъвоҳои маро ботил мекарданд. Бешак ҳамаи ин вазъиятро ман ҳам медонистам, вале хурду бузургро ноумед диданам хеле гарон меомад, мехостам, ки дар ягон гӯшаи қалби онҳо шарораи умед фурӯзон бошад.
Чаро ман аз ин хусус ин қадар ба дард сухан мекунам?
Ихтилофе, ки имрӯз миёни сухани мо, таълим ва тарбияи мо, ақидаю нуқтаю назари мо ва зиндагии воқеи ба вуҷуд омадааст, ба ҳадди худфиребии авфнопазир расида аст.
Роҳи нави мошингард месохтанд. Он роҳ теппаҳои гандумзорро бурида мегузашту деҳоти дуродури таҳи кӯҳро ба роҳи калони шаҳр мепайваст.
Боре се-чор тан аз дӯстони ҷавонамро дар роҳи навсохт дучор кардам. Тракторе моторашро хомӯш накарда сари роҳ гӯё таваққуф карда буду бачаҳо ба аробаи он шағал бор мекарданд. Роҳсозон ба роҳи нав бо мошинҳои самосвал шағал оварда рехта, тӯда-тӯда монда рафтаанд. Бачаҳо он шағалро ба аробаи трактор бор карда, ғолибан барои иморати хонадони кадом якеашон мебурданд. Тракторчӣ ҳам аз наздикони онҳо буд.
— Шағалро чи мекунед? — баъди салому алайк пурсидам ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо