Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Себ даркор набудагист, база гардондаст, завод намегирад...
Дар он айём колхоз ҳақ надошт, ки ҳосили худро дар бозор фурӯшад. Он себҳоро дар бозор фурӯхта ҳам наметавонист, зеро хомохом канда буданд ва ҳанӯз туршу камшира буд. Раис онро ба колхозчиён бепул дода ҳам наметавонист ягон нафар маълумот медод, ки молу мулки колхозро ба тороҷ медиҳад ва сараш дар бало мепечид.
Ҳар як давру замон қонуну қоидаҳои навишта дораду нонавишта. Ҳуқуқшиносон қонунҳои навиштаро нек медонанду инобат мекунанд, аммо аз қонунҳои нонавишта камтар огоҳӣ доранд. Агарчи қонунҳои нонавишта баъзан аз ҳамаи қонунҳои дигар таъсирноктар аст.
Бинобар он, миёни гуфтору афкор ва кирдори калонсолон тафовут хеле зиёд аст ва ин фарқ пайваста меафзояд.
Яке аз ҳамсӯҳбатони доимии ман Насриддин аст. Ӯ имсол дар синфи ҳаштум мехонад. Вай аз хурдӣ дар кори ферма ба падару модараш ёрирасон аст. Агар вай андаке бештар ҳамсӯҳбати ман монад, аз тарафи молхона фарёди ҳамкоронаш баланд мешавад:
— Насриддин, ҳой, Насриди-ин-н!..
Аз ин аст, ки сӯҳбати ману ӯ аксаран нимирӯзиҳо ва ё шабҳангом қӯр мегирад. Аммо ин нимрӯзӣ сӯҳбати мо дар сари наҳр воқеъ афтод. Бачаҳо хоҳиш карданд, ки усули шиноварии ононро бубинам ва баҳо диҳам.
Насриддин шиновари моҳир аст. Мехоҳам, ки вай баъди хатми мактаби миёна дар донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ таҳсили имл кунад, аммо ба сабаби баъзе андешаҳои дигар намехоҳам, ки вай варзишгар бошад:
деҳаро аз як нафар деҳқону боғбон ё молпарвар маҳрум кардан намехоҳам. Бале, ман дар мисоли бисёр шиносони худ санҷидаам, ки варзишро касб кардагон дигар ҳаргиз ба касбу кори судбахшу заҳматталаб сар намефуроварданд. Надидаам, ки ҷавони ба варзиши ҳирфаӣ шуғл варзида дар киштзор ва ё дар сари дастгоҳе зӯраш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо