Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
умедворӣ бахшидан хостам.
— Пул дар ҳеҷ давру замон шикаст нахӯрдаст, муаллим, — як тан марди солдида, ки зоҳиран муаллими нафақахӯр буданаш аён буд, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд. — Ку, ягон касеро ёфта биёред, ки аз инҳо дар баҳои аслиаш мотор гирифта бошад ё бигирад... Инҳо пулро танҳо намехуранд, бинобар он, ҷони инҳо дар тани инҳо не, дар тани дигар касон, онҳоро ба дуздӣ муттаҳам карда наметавонед, — асроромез ва як навъ дарднок хандид ӯ.
— Бовар мекунед, — як тан ҷавонмарди олуфталибос таъкидомез ба аҳли сӯҳбат рӯ овард: — Ман аслан инҷинерам, мутахассиси истифодаи автомобил. Азбаски дар магазинҳо оддитарин ҷузъиёти мошин ёфт намешавад, ночор ба ин ҷо меояму инҳо ҳар бор 20-25 сӯмамро илова бар ҳақи хизмат мегиранд. Медонам, ки маро мефиребанд, аммо исбот карда наметавонам. Инсон дар муқобили соҳаи хидматгузорӣ комилан беҳуқуқ аст, ҳар чи хоҳанд мекунанд, ҳар қадар талабанд, медиҳед... — инҷинери ҷавон ҳасраташро дароз кард.
Устое, ки мошини маро ба ӯ ҳавола карда буданд, холӣ гашту ман саросема аз ҳалқаи ҳамсӯҳбатон бархоста, ба сӯи мошинам рафтам.
Устои ҷавон машғули гайкатобию равғанмолӣ гашту ман бо ӯ аз ҳар хусус сухан карда, он таъсири нохушеро, ки қабл аз ин аз сӯҳбати корафтодагони ин маркази таъмири техникӣ пайдо карда будам, бартараф кардан мехостам. Аз дилам мегузашт: “Наход, ки ин ҷавонаки бо писари донишҷӯи ман ҳамсол ва ё он сардори цехи таъмир, ки дар мобайни саҳни таъмиргоҳ тири меҳвар барин мизу курсӣ монда нишаставу ба саломи одамон ба зӯр ҷавоби салом мекунад, ғоратгарона ба кисаи ман даст зананд? Ба афташон агар нигаред, ҳеҷ боваратон намеояд. Хуб, имрӯз имтиҳон мекунам.” Аслан, мошини ман чандон таъмири ҷиддӣ талаб надошт. Ба ҷуз як назар дидану санҷидани асбоби ҳарак

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо