Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мехуранд. — Пайрави суханони гуфта шуда, бо ифтихори тамом эълон кард ҷавонмарде.
— Барои нони танӯрӣ ба Деҳнав равем?..
— Хайр, аз Самарқанд ҳалво мебиёранд, анҷир мебиёранд, аз Деҳнав нон биёранд...
— Дарвоқеъ, нонпазӣ фоида дорад, аммо фоидаи муфт не, музди ранҷу меҳнаташ, — гуфт марди пире, ки замоне нонвойӣ карданаш аён буд, — Фоидааш кати ҳаргиз миллионер намешавед.
— Кирокашӣ накунад гӯён мошинҳои хусусиро дошта тафтиш доранд, — ба сухан даромад як тан ҷавони деҳотӣ. — Ман ба тарафи Меҳтарӣ меравам. Агар дар истгоҳ наистода гузашта равам, он мардум ба рӯи ман туф мекунанд. Даҳ километр барин савор рафта, “пули бензинат” гӯён агар як сӯм партоянд, не гӯям? — аз ҳозирон савол мекард вай.
Мебоист, ки агар соҳибони мошинҳои сабукрав қатъиян возеҳ надонанд ҳам, раҳбарони назорати мошиндорӣ мебоист, ки бидонанд: бо нархи имрӯзаи мошину бензин ва таъмиру ҷузъиёти алоҳида масофаи як километр роҳро гузаштан ба соҳиби мошини хусусӣ 10-12 тин меафтад! Инро муҳаққиқону мутахассисон кайҳо собит кардаанд. Рӯзномаҳои марказӣ дерест, ки масъалаи ба мошиндорон фоидаи казоӣ наовардани мусофиркашониро собит карда, баъзан барои ҳоҷатмандон сари роҳ хизмат расондани ин мошинҳоро ба маърази муҳокама гузошта буданд. Дареғо, ки дар ҷумҳурияти мо онҳое, ки ба ин корҳо алоқаманданд, аз ин гапу корҳо бехабаранд.
Як тан аз шиносони ин банда чанд сол қабл аз ин мошини нав хариду баъзан медидам, ки ӯ ба кирокашӣ машғул аст. Боре маслиҳатомез гуфтамаш: “Аз ин кор ҳеҷ манфиате намеёбӣ, дониста бош, фақат вақти азизро беҳуда мегузаронӣ”. Оқибатуламр, ӯ дар тӯли се сол мошинашро билкулл бекора карду партофт ва рӯзе бо

пешина
аз 393
навбатӣ