Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Дар ин сарзамин аз ботлоқзор ному нишоне нест, оби дарёҳояш мисли марворид шаффоф, одам аз як канори ин сарзамин то канори дигари он бе ҳеҷ монеа гузашта метавонад”.
“Любил богатырь дочь, ничего для нее не жалел.
Были у нее меха отливавшие серебром, соболинные шкуры, темнее ночи, одежда бисером расшитые. Только сама была прекраснее всего на свете. В голубых глазах её будто утонуло синее небо, в косах словно играл лунный свет, ноздри тонкого носа вздригивали, как у чуткого лося, а щеки горели, как весеняя заря.” “Паҳлавон духтарашро беҳад дӯст медошт, ҳар коре, ки аз дасташ меомад, барои ӯ мекард. Духтараш бисоти даҳ кас медидагӣ дошт. Худаш бошад чунон зебо, чунин нозанин буд, ки кас ӯро маҳликои ягона гӯяд ҳам, меарзид. Аз симои ӯ ҳусну латофат ҳувайдо буд.” Ин ду порча аз як саҳифа бидуни интихоб иқтибос шуд ва тамоми китоб ба ин усул тарҷума шудааст, агар онро тарҷума гуфтан ҷоиз бошад. Вале ин чиз ба ҳеҷ ваҷҳ тарҷума нест, балки нақли камсаводона асту бас. Агар муаллифи китоб забони тоҷикиро хонда мефаҳмид, ба ҷурми ин таҳқир бешак мутарҷими моро ба маҳкамаи суд мекашид.
Дар аҷабам, ки муҳаррири китоби мазкур А.Қодирӣ аз ин ҳама ҳарзабаёнӣ чигуна бехабар монда ва нашри онро ба имзо расонида аст.
Аз назму насри адибони кишварҳои дигар осори адабии фасеҳ ва писандидае, ки аз ғояи баланд ва ҳунари суханварӣ саршоранд, бояд ба тоҷикӣ тарҷума шаванд.
Дар ин бобат ба саррофии ноширони кишварҳои дигар ҳасад мебарам ва аз қобилияти маънирасӣ ва суханшиносии онон басо мешавад, ки ангушти ҳайрат мегазам: ҳар он китобе, ки асил асту бетақлид, онҳо сари вақт пай мебаранд, бетаъхир тарҷума ва интишор мекунанд.

пешина
аз 393
навбатӣ