Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

телеграммаро ҳам гирифтам: дар он шаҳр чунин шахсон умуман набудаанд!
Даҳшатам меафзуд, ки хешу ақрабои моро чи расида, ки ба ин тариқ аз макону манзили муқимии худ таъҷилӣ кӯч бардоштаанд? Азбаски қабл аз ин эътимодам ба коргузории почтаю телеграф қавию устувор буда, боварам ҳаргиз рахна наёфта буд, ҳаргиз ба гумонам намерасид, ки маро мефиребанд. Почтаю телеграф барин муассисаи муҳими давлатӣ чи гуна касро фирефтанашро дар тасаввур ғунҷондан наметавонистам.
Ҳавои рӯҳпарвари Ялтаю мавҷҳои дармонпазири Баҳри Сиёҳ дар назар сарду нохуш ва тираю тор ҷилва намуданд. Шабу рӯз гумонҳои нохуш ва пиндоштҳои сабру тоқаткуш беқарорам мекарданд: зилзила, обхезӣ, сӯхтори азим, фалокат дар ГЭС ё корхона...
Ҳеҷ боварам намеомад, ки ҳамаи ин телеграммаҳои раддия бофта ва дурӯғ бошанд. Охир, мо дар ягон мамлакати беқонун ва бенизом не, дар мамлакати Советӣ зиндагӣ дорем, фақат шахси сирф номасъул ва носолим метавонад аз номи идораи алоқа барин муассисаи масъулиятманд ин қадар дурӯғро бофта, ба тариқи телеграммаи раддия фиристонад... Чӣ воқеа рӯй дода бошад?.. Дар чунин изтироб ғӯтавар ба телефонхона равуо сар кардам.
Аз Ялта бо Ленинобод барин шаҳри музофотӣ ва дурдаст алоқаи телефон чандон устувор набуд.
Оқибат, як нимашаб ба мо муяссар гашт, ки овози якдигариро бишунавем ва изтиробу алағдагиҳоро фурӯ бинишонем. Маълум шуд, ки ҳамаи он телеграммаҳои раддия бофтаи ходимони почтаю телеграф буда, хешовандонамон ҳама дар макону манзили худ сокин будаанд.
Бинед, ки коҳилию бебандуборӣ, раҳбарии бюрократона одамонро ба чи гуна ҷиноятҳои гӯшношунида раҳнамун гашта аст! Бештар аз як ҳафта маро хӯрду хоб ҳаром буд, бештар аз як ҳафтаи истироҳати маро он

пешина
аз 393
навбатӣ