Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

лобиашро ба сӯи дар дӯхта, соатҳо ӯро интизорӣ мекашад, ҳар замон маос зада, соҳибаи ҳолҷӯи худро фарёд мекард. Вагарна чаро ҳамин Ало намегузорад, ки дигар зане шири ӯро дӯшад?!
Бино ба қавли олимон, мушоҳадаву муоина собит кардааст, ки инчунин дилбастагӣ ба мол ҳам, ба инсон ҳам зарур аст. Мол ҳам ба дарди стресс — маъюсӣ, нохушӣ ва димоғошуфтагӣ мубтало мегаштаст. Бе инчунин диловезӣ агар модагов шир диҳад ҳам, шири он камравған буда, саршири он лаззате надоштаст.
Қӯзигул-апа бо ҳамаи 24 сар модаговаш ба ҳамин минвол муомала ва мусоҳаба мекунад. Соли гузашта вай аз ҳар як сар модагови тааллуқманди худ як сарӣ гӯсола гирифт ва 5261 килогӣ шир дӯшид.
Мо баъзан ба қонуни ҳаёти ҳайвонот бепарво, аз иморату иншооти бошукӯҳи молхона, аз дастгоҳҳои худкоре, ки обу ғизоро ба охурҳои мол мунтазам мерасонанд ва молхонаҳоро рӯфтаву шуста медоранд ба ваҷд меоему изҳори хушнудӣ мекунем. Аммо дар ин гуна молхонаҳои замонавӣ айёми маҳсули модаговҳо ҳамагӣ аз панҷ-шаш сол зиёд нестанд. Қӯзигул-апа мегӯяд, ки модаговҳои ӯ то 12-сол пурмаҳсул шир медиҳад. Молдорони дигар ҳам ин фикри ӯро тасдиқ мекунанд. Сипас гиреҳи ин тафовутро бояд ҷуст. Чаро аз обу хӯроки тайёр ва шароити осудаи ҳаёт модаговҳо зуд пир мешаванд?
Ин чунин саволҳо имрӯз хеле фаровонанд ва мебояд, ки мутахассисон ба он ҷавоб гӯянд.
Яке аз сарварони колхоз Облоҷон Назаров, ки узви комиссияи тафтишоти Комитети Марказии ПК Тоҷикистон аст, ҳазломез ба ӯ Қӯзигул-апа сухане гуфту сипас ангал мондани моро дида, ба эзоҳи он гуфтаи худ кӯшид:
— Як сар модаговашон ба пирӣ расидаст... нафақа медиҳед мегӯянд...
Мо ҳама бо тааҷҷуб ба рӯи мусоҳибони худ нигарис та мазмун гирифтан хостем. Қӯзигул-апа аз ин сухани Назаров сурх шуду сонӣ гуфт:
— Э, ҳазлу шӯхиро монед... Кадом модагов нафақа

пешина
аз 393
навбатӣ