Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шуғли дунё адабиётро ҳам фирефтан метавонанд. Адибонро фирефтан метавон, вале адабиётро ҳаргиз! Инчунин ашхос метавонанд дар силки адибон ҷой бигиранд, аз неъмати дастархони адабиёт баҳра бардоранд, ҳатто шоистаи ҷоизаҳо бошанд, вале адабиёт ҳар як асарро бо сангу тарозуи худ бармекашад. Дар замони Чехов адибе будаст Лейкин, ки қариб даҳ ҳазор ҳикоя навишта ва интишор кардааст. Бинед, ки осори Чеховро имрӯз ҳар як мактаббача медонаду мехонад, вале номи Лейкинро ба ҷуз мутахассисон дигар касе ёд надорад. Ва ин Лейкин дар замони худ ҳикояи Чехов “Хонуми сагдор”-ро, ки имрӯз ҳамчун шоҳкори камназири адабиёти рус шинохта шудааст, мутолаа карда, дар саҳифаи матбуоти давр чунин баҳо додааст: “...Ин ҳикояи начандон бузург, ба фикрам, тамоман суст аст”. Ашхосе, ки нумӯи ҳарҷонибаи маънавӣ ва эстетикӣ ёфтаанд, ҳамеша ба осори ҳунар беғараз, олиҳиммат ва аз сари инсоф баҳо додаанд.
Аз он, ки адибони ҷавони тоҷик аксаран маълумоти ноқиси адабӣ гирифтаанд, зумрае ақаллан баробари як тан китобдӯсти қаторӣ китобхонӣ надоранд, доираи мутолааи онон бағоят танг аст, афсӯси маро поён нест. Аксари қаламкашони ҷавон аз назму насри рус, осори маъруфи адибони республикаҳои бародар, асарҳои машҳури адабиёти ҷаҳон бехабаранд. Ман дар рӯзҳои курс-конференция боре аз се-чор тан адибони ҷавон савол кардам, ки осори Амирадҷиби, Бондарев, Быков, Распутинро хондаанд ё не. Чи гӯям, ки ин номҳо ба онон сирф ноошно буданд.
Ман чанде қабл аз ин романи нави адиби эронӣ Содиқи Чӯбакро мусаммо бар “Санги сабур” мутолаа кардаму донистам, ки адиби солманд қабл аз навиштани романи худ осори адиби он солҳо ҷавони рус (даҳ-понздаҳ сол пеш аз ин) Распутинро мутолаа кардааст. Ва ночор тан гирифтам, ки Чӯбак Распутинро аз ман пештар хондааст. Зиҳи ранҷи ҳунар, зиҳи омӯзишу суханварӣ!

пешина
аз 393
навбатӣ