Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Мудом кӯдакони ҳамсоя қати ҷоғатон метафсадку, забонатона ғунда газид магар ба бачаи Хосият як даҳан гап назадед? Бачаи худаш не, аз сағирахона гирифт, барои ҳамин?.. Чӣ кунад, ҳамин қадар сол давид, на духтур монд, на табибу мулло, даво ҷусту наёфт. Ночор ҳамин бачаро ба фарзандӣ гирифт. Як ду сухани дилбардор нагуфтед, дилаш алағда гашт.
— Гап дар ин не, — гуфтанд амакам аз кор сар набардошта. Сонӣ баъди хеле сукут илова карданд: — Бачара чашми сараш беҷо барин. Дидаму дилам ғашнок шуд. Ба Хосият бигӯ дигар ҳамин бачаашро ба ҳавлии мо набиёрад.
Аз ин гуфтугузор қариб понздаҳ сол гузашт. Амакам кайҳо вафот карданд. Аз рӯи шунидам писараки аз сағирахона гирифтаро зану шавҳари фарзандталаб бо нозу неъмат парвариш кардаанд. Вале оқибат шунидам, ки ҳама ҷаҳди онон барбод рафтаст. Бача шӯрапушти бераҳм ва дузди айғоқе гаштаст. Дорулахлоқ ҳам ба ӯ кора накардаст. Наздикони худро чунон ба ташвишу изтиробҳо мубтало кардааст, ки роҳи аз ӯ халосиро меҷустаанду намеёфтаанд.
Ман ба назари одамшиносии амаки шодравонам таҳсин гуфтам.
Инчунин одамшиносӣ барои нависанда хоса зарур аст. Ҳатто миёни адибон бозие ҳаст, ки ҳисси одамшиносиро машқ медиҳад.
Дарвоқеъ, касоне, ки ба атрофи худ саросема менигаранду сарсарӣ андеша меронанд ва он андешаҳои бебунёдро хомохом, шитоболуд ба қоғаз сабт мекунанд, дар фани суханварӣ ба балои нокомӣ мубталоянд. Боист, ки ҳар лаҳза хотирнишон кард: адибонро инжинерони рӯҳи башар гуфтаанд ва ин гуфта ҳаргиз муболаға нест, балки ҳукми пухтаасосест. Суханвар бояд ки инсонро инжинервор нек шиносад, тағйири авзои вай, наҳифтарин таҳрики ҳиссу андешаи ӯро пай барад. Ин сифат

пешина
аз 393
навбатӣ