Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бармехурад. Шеъри асл ва ҳассону шево фақат аз дили поку беғаш, аз дили пурмеҳр меҷӯшад, аз синаи беғашу бемуддао метаровад.
Баъзе адибон дар паноҳи мавзӯи муҳим ва ё фирқаву пешвоёни он хомкориҳои худро чӣ миқдор интишор карданд, ғоят надорад. Адибон, адабиёт ва танқиди адабӣ кайҳо ин гуна қаллобони адабиётро фош карда, баҳои сазовор додаанд, ба онон роҳи савдогариро дар адабиёт қатъан баст. Аммо адиби ҳаваскор, ки аз воқеоти олами адабиёту ҳунар бехабар аст, ҳанӯз ҳам ин амали беҳосилро идома медиҳад. Вай дар васфи Ленин рубоию дубайтиҳои хому пуч ва пурнуқсон гуфта, дар паноҳи ин номе, ки мо байрақ кардаем, аз танқиди шеъри пурнуқсони худ паноҳ ёфтан мехоҳад ва ин матлабро ошкоро, вале ноӯҳдабароёна изҳор кардааст.

Бепарда рақибе, ки ба ман овезад, (?)
Унвони (?) Ленин яқин паноҳам гардад.

Хулосаи калом, маҷмӯаро ба ин ҳол нашр кардан ҳаргиз мумкин нест. Муаллиф дар сари шеър ва маърифати он бояд ки ҷиддан андешад ва он гоҳ аз ин маҷмӯа шояд баъзе порчаҳоро пухтаву суфта карда, ба нашр додан имконпазир гардад.
Дар ҷодаи адабиёт ба ҷуз ҳунар ва истеъдод ҷаҳди дигар худфиребӣ аст, аммо сад дареғ, ки ин хулосаи ба ҳама равшанро иддае аз даъвогарони адабиёт бовар надоранд ва ба ҳар усул (пуштубонҷӯӣ, тамаллуқ, таҳдиду тааддӣ, шӯрангезӣ, тӯҳматнависӣ, савдогарӣ ва ғайра) осори ҳеҷу пучи худро интишор кардан мехоҳанд.
Ҳол он, ки агар ин касон аз ин беҳудакорӣ ва умрфарсоӣ ҳар чӣ зудтар дасту дил шуста, умри азизро сарфи дигар шуғли судманде мекарданд, ба халқу кишвари маҳбуб хидмате арзишнок менамуданд.
26.10.1984

пешина
аз 393
навбатӣ