Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Тоҷиддин Турдиев ба ман аз кору бори деҳқонон ва молдорони пухтатадбир аз камоли ҳолдонӣ, рақаму санадҳо оварда ҳикоят мекард. Равшан буд, ки вай аз рӯи рақамҳои ҳисобот не, балки ҳама дидаю озмудаҳои худро мегӯяд, аз ин рақамҳо ифтихор дорад, дар онҳо ранҷи ӯ низ аст.
— Чунон ки як адиби заковатманд навиштааст, ҳамаи некбахтон ба якдигар монанданд ва ҳоказо. Аз вазъи кори қафомондагон ва бебаророн чӣ мегӯед?
— Ҷаҳди мо бар он аст, ки колхозҳои қафомонда пешрав шаванд, корашон равнақ ёбад, вале чӣ илоҷ...
Ман ба шумо гӯям, колхози беравнақ мисли захми носур ҳар лаҳза моро нохуш медорад. Дар илоҷи кори ингуна хоҷагиҳо тадбиру чораҳои гуногунро истифода мекунем... Колхози ба номи Карл Маркс ду-се соли охир камравнақ буд. Чор моҳ аз ин муқаддам як тан ҷавонмарди ғайратмандро ба раҳбарии ин колхоз пешбарӣ кардем... Аллакай ривоҷи кор дигаргун шуд. Ҳоло ин колхози қафомонда аз бобати ширдӯшӣ дар район ба ҷои сеюм баромад ва комёбиаш мунтазам рӯзафзун аст. Агар раҳбар як қамчин ғайрат дорад, ҷаҳди дигаронро чандин баробар зиёд мекунад...
— Хеле аҷиб аст... — ба ваҷд омадам ман. — Агар рухсат бошад, ман ба он колхоз биравам. Балки тарзи коргузории раиси нав барои дигарон ибратомӯз аст...
— Биравед. Аммо дар назар доред, ки раис алҳол ҷуволи пур аз нақша аст. Барои ба руёб баромадани он ҳама нақшаҳо мебояд, ки солҳо ҷон коҳонад...
Ман ба котиб ташаккур кардаму роҳи колхози ба номи Карл Марксро пеш гирифтам.
Мутахассисони илми зироат истилоҳе доранд: минтақаи кишти даргумон. Баъзе раҳбарон сухани худро аз
ҳамин ибтидо мекунанд. Аз инчунин иқлим ва замин чӣ
ҳосил мегиред? Бе ҳеҷ шакке дар диёри кӯҳсори мо инчу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё