Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

он дар сина ҳамеша баҳор дорад. Бигзор, ки он ҳоло боғу хонаи падар бошад ё мазраи додару хоҳар, вале ӯ ба сӯи он аз дуродуриҳо бо меҳру беандоза менигарад, зеро марғубтарин хотироти даврони кӯдакию наврасии ӯ ба он пайванд аст, дар он хок аввалин ниҳоли биншондаи ӯ нашъунамо дорад. Дар дунё аз боғу дарахти дастранҷи кас азизтару муқаддастар чӣ ҳаст?! Борҳо воқеъ афтода, ки он як порча замини бо арақи ҷабин дар санглох ба вуҷуд омада, киштукор дида — замини оддӣ не, балки эҷоди арзандаи инсон, асари умр ва кохи ёдгори ӯ гардида. Онро мардумон барҳақ бо номи бунёдкораш ба забон мегиранд: “Боғи Наим”, “Замини Шакар”, “Ҷӯи Насим”.
Дар яке аз деҳоти кӯҳистон ба ман ҷӯи хароба ва беоберо нишон доданд, ки онро мардуми он мавзеъ “Ҷӯи Насим” мегуфтанд. Солҳои пеш аз ҷанг Насим ном марди пурғайрат дар масофаи қариб ду километр ба танҳогӣ худаш ҷӯй сохта, як порча замини санглоху беобро маъмур кардааст. Вай аз ёнаи шаху зовҳо девори сангин бардошта, болои девор аз чим ҷӯй сохта об бурдааст.
Дар баъзе ҷой вай ба қадри се-чор метр девор бардошта аз болои он об гузарондааст. Баъд дар он замини аслан сангистон хоку пору рехта ончунон ҳосили сараи гандуми пурбаракат гирифтааст, ки ҳама ангушти ҳайрат ба дандон газидаанд. Ҳосили гандуми вай ончунон сараву пурмағз будаст, ки “ин барои тухмӣ зарур аст” гӯён онро барои колхоз гирифтаанд ва ба ӯ аз хирмани колхоз гандум ваъда кардаанд. Сонитар он ваъда фаромӯш мешавад ё раҳбарон дигар мешаванду Насим ноумед мегардад. Ҷавонмарди ғайратманд аз он ҷӯй ва он замин даргузаштааст ва то имрӯз ҳеҷ кас дигар он заминро кишт накардааст.
Имрӯз пиромуни ин матлаб, яъне, аз паи бартараф кардани нуқсонҳо ва беэътибориҳо ба киштукор ва молдории мардумон дар программаи озуқавории СССР то

пешина
аз 393
навбатӣ