Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Абдурасул Зокиров дар мактуби худ мисоли риққатангез меоварад: дар мактаби миёна аз духтаре, ки бо ӯ дӯстию ҳамдилӣ доштааст, дугонаҳои ҳамсинфаш рӯ метобанд.
Кор ба ҷое мерасад, ки духтарак қасди худкушӣ мекунад.
Ман аминам, дар ин воқеа низ як-ду тан нобакор аз беиродатӣ ва гаправии якчанд нафари дигар истифода кардаанд. Вагарна духтари бечора аз ногапӣ бо як ё ду тан ҳамсинфаш ин қадар озурда ва малул намегашт.
Дар асл, ҳамаи ин майда-чуйдаҳои ночиз, мухолифату кинаварзиҳои камасоси духтарон шаҳодати он аст, ки ин касон кам китоб мехонанд, пиромуни фикру андеша ва феълу амали онҳо хеле танг ва маҳдуд аст. Агар онҳо дар ин синн аз рӯи китобхонӣ ва пурдонӣ талош мекарданд, дӯстию рафоқати онҳо, муҳаббати онҳо, фардои саодати онҳо дигаргуна сурат мегирифт.
Духтарон баъзан шиква доранд, ки имрӯз ҷавонон дар дӯстию муҳаббат нопойдоранд, домодшавандаҳои хубу шоиста хеле каманд. Духтарони азиз! Ҷавонони хубу шоиста дар кӯчаю мошин аз дунболи шумо кашола намегарданд! Онҳое, ки дар кӯчаю бозор ба шумо бештар гаппар-тоӣ мекунанд, аксаран ҳарзагардони беҳунаранд.
Ҷавоно-ни шоистаи рӯзгори мо дар сари дастгоҳу дар саҳрои киш-тукор, дар китобхонаву дарсхонаҳо мудом машғули коранд. Онҳо бахти худро, ҳамсари худро дар кӯчаю бозор намеҷӯянд. Агар аз тасодуф ҷӯянд ҳам, намеёбанд. Боре як тан ҷавони шоиста, ки аз наздикони ман буд, дар мошин духтари латифандомеро дида, аз ӯ чашм намеканд. Гуфтам: “Пешаш раву сухан куну шинос шав”. Инчунин амал кард. Вале чун духтар ба сухан лаб кушод, ҷавон аз назди ӯ гурехт. Духтар нохондаву нотарошида буд ва бо алфози кӯчагиён дурушту кароҳатангез сухан мегуфт.
Имрӯз ҷавонону духтарони шоистаи рӯзгори моро донишу ҳунар мебояд, ки бе он на ҳусн таровате дораду на ҷавонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё