Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

якбора ба ҳаяҷон омадам.
— Парер сол аввалҳои тобистон буд, як рӯз, тарафи бегоҳ чунон жола зад, дар як нафас ғӯза луб-луч чӯб шуду монд. Баргу шох намонд, як танаш монд халос. Ана, раис хабари ҳаминро шунида, якбора тобашон гурехт.
Баъд ҳамроҳи аъзоёни бригада балои суфаи лаби ҳавз ба чойхӯрӣ нишастем. Чой, нон, харбузаю тарбуз...
Дар ҳавои тасфон баҳору тобистону тирамоҳ ранҷ мекашанду хӯроки ин касон — нону чой. Аксар ба шом ҳам хӯроки гӯштдор намехӯранд. Чаро?.. Ҳосили ранҷи онон ба куҷо меравад?.. Чаро мо аз ин хусус ҳеҷ намеандешем?..
Дар ҳамин асно мошини боркаше дар шитоб ба шипанг расиду ҷавонмарде аз кабинаи фуромада рост ба Азизов рӯ овард:
— Раис, ҷӯи боло задаст, — гуфт вай пас аз салому алек. — Бетон кафидаст. Дар ҷӯйҳо як қатра ҳам об нест.
Дар ин ҳавои тасфон агар зудтар соз накунанд, тамоми гулу шона нобуд...
Раис аз ҷой хесту ҳама баробар бархостанд.
— Шумо ҳамин ҷо монед, — гуфт раис ба ман хитобан, — хӯроки гарм набошад ҳам, бо нону харбуза нимрӯзӣ кунед. Ман меоям. Худам ба водхоз телефон накунам, намешавад.
Газик ба тарафи деҳа роҳ гирифт. Чанги аз паси он бархоста, дар роҳи пахтазор монанди Каҳкашон дар осмони нилгун маро пайваста ба худ мекашид.
— Не, бахше аз деҳқонон ҳаққу ҳалол кор мекунанд... аммо колхоз чунин вонамуд мекунад, ки ба онон музд медиҳаду ғамхорӣ мекунад... — гуфтам ман хитобан ба Маликшоҳ. — Бе истиқлол, беҳуқуқ, бе демократия ҳоламон ҳамин аст, додар.
Вай ба маънии ин сухан возеҳ сарфаҳм рафт ё не, аммо ба тасдиқ сар ҷунбонд.

пешина
аз 393
навбатӣ